Конференсияи ХХ ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид

2022-07-29

Рӯзи 28 июли соли 2022 Конференсияи ХХ ҳисоботӣ –интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ки дар кори он Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, Дустмуродзода Сурайё, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Изатуллои Ҳабибзод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва 600 нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

Нахуст ҳайати меҳмонон ва вакилони конференсия аз дастовардҳои ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Зимни боздид аз дастовардҳои сокинони касбу кори гуногун аз ҷумла кишоварзони шаҳр Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба масъулон иброз доштанд, ки таъкидҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси истифодаи самараноки замин ва руёнидани ду се ҳосил аз як замин ва захира намудани ду сола маводи ғизоӣ дар ҳар як оила сармашқи фаъолияти худ намоянд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ХХ ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор оғоз гардид.

Нахуст ҳайати раёсат, комиссияи мандатӣ, котибот ва комиссияи таҳририяи конференсия интихоб гардид.

Дар Конференсияи ХХ ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор шаш масъала аз ҷумла, ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда доир ба татбиқи барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, ҳисоботи Комиссияи тафтишоти ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор оид ба фаъолияти молиявии сохторҳои ҳизб дар шаҳри Ҳисор аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022, гузориши роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Ҳисор оид ба фаъолияти намояндагӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳисобот раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод зикр намуд, ки давраи ҳисоботӣ барои аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давраи амалисозии ташаббусҳои наву созанда ба шумор меравад.

Зикр гардид, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизби сиёсӣ ин давра ба давра ташаккули фарҳанги сиёсии шаҳрвандон мебошад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ зоҳир намудааст.

Танҳо дар давраи ҳисоботӣ 40 адад ташкилоти ибтидоии нав таъсис ёфта, 3262 нафар аъзои нав қабул карда шудааст, ки натиҷаи фаъолияти пурмаҳсули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор маҳсуб меёбад.

Тавре иттилоъ дода шуд, айни ҳол дар шаҳри Ҳисор 112 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият дорад, ки 11 104 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид менамояд.

Дар музокира Саидзода Муҳаммадтоҳир, вакил аз ташкилоти ибтидоии «Пайравон» ва Шарифӣ Бобосафар Ҳамидзода, вакил аз ташкилоти ибтидоии «Кишоварз» иштирок намуда, андешаҳои худро оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар давраи ҳисоботӣ манзур намуданд.

Дар Конференсия раиси Комиссияи тафтишотии молиявии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Самадов Ҳалим Каримович дар назди вакилон оид ба фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Ҳисор аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли соли 2022 ҳисобот манзур намуд.

Сипас гузориши роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Ҳисор Шарипов Эраҷ Қудратуллоевич оид ба фаъолият шунида шуд.

Ҳамзамон, дар музокираи масъалаи мазкур Раҳимова Шукрона Далеровна, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –Ватани азизи ман!» суханронӣ намуд.

Дар конференсия ҳайати нави аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аз ҳисоби аъзои фаъоли ҳизб бо ҷонибдории вакилон интихоб шуданд.

Дар суханронии худ Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳо дастовардҳои назаррас ба даст омада истодаанд ва ин дастовардҳо идома доранд.

Ба хусус дастовардҳои сокинони заҳматписанд ва сарбаланди шаҳри Ҳисор низ бо шарофати чорабиниҳои ҷашнии 3000 солагии Ҳисор, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифҳои пайвастаи Роҳбари давлат ба маротиб зиёд гардиданд. Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Ҳисор нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле назаррас аст.

Дар идома қайд гардид, ки мо хуб медонем, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз Барномаи амалӣ Ҳукумати кишвар аст, вазифаи мо ҳизбиён аст, ки дар ҷойҳо онро амалӣ намоем. 

Дар марҳилаи мураккабу душвори иқтисодӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, ҲХДТ-ҳамчун сарпарасти маънавии НБО “Роғун” дар доираи самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҳизб тавонист, ки ду агрегати ин неругоҳи бузурги асрро бунёд намояд.

Бо назардошти он, ки ҲХДТ сарпарасти маънавии НБО “Роғун” мебошад, пешниҳод гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сайёҳати таърихии узви фаъоли ҳизбро ба НБО “Роғун” роҳандозӣ намояд.

Қосим Роҳбар, Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои КИМ ҲХДТ зикр дошт, ки боварии комил дорем, ки ҲХДТ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи кишварро ба бузургтарин хостаҳои худ расонида, зиндагии шоистаро барои ҳар як нафар таъмин мекунад.

Гуфта шуд, ки дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳр ва бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор тадбирҳои имконпазирро амалӣ намуда, дар маркази шаҳр 0,15 га қитъаи замин ҷудо намудааст.

Барои мо ҳизбиёни шаҳри Ҳисор мояи сарафрозӣ аст, ки субҳи имрӯз бо иштироки муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси ҲХДТ барои оғози корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор санги асос гузошта шуд.

Умедворам, ки сохтмончиён тавсия ва дастурҳои саривақтии муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор –муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ба корҳои сохтмонӣ вусъати тоза мебахшанд.

Мутобиқи лоиҳа корҳои сохтмонӣ бино ду сол идома ёфта, дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд, ки дастоварди арзишманди ҳизбиёни шаҳри Ҳисор ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегардад, иброз дошт, Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои КИМ ҲХДТ Қосим Роҳбар.

Сипас, Дӯстмуродзода Сурайё вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҳисор №7” оид ба амалишавии қонунҳо, риояи ҳатмии онҳо, ба одати доимии ҳар як нафар табдил додани риоияи қонунҳо, торафт мураккаб гардидани вазъи ҷомеаи ҷаҳон, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва дигр масъалаҳоро иброз намуд.

Дар суханронии худ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуууқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.

Бе муболиға мо иброз медорем, ки сиёсати дурусти шахсияти барҷастаи таърихии миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки роҳи дурусти давлатдории навини тоҷикон дар муҳлати кӯтоҳ муайян ва пеши алангаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шуд.

Дар идома, Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ ва гузоштани санги асоси бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақша гирифта шудааст, ба аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳри Ҳисор табрику муборак гуфт.

Мавсуф, барои иқдоми созгор ҷиҳати оғоз бахшидани корҳои сохтмонии бинои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор аз номи Роҳбарияти Олии ҲХДТ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Ёров Мироҷиддин Қурбоналиевич, директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бунёдкор сохтмон», аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор изҳори сипос баён намуданд.

Сипас, номбурда оид ба беҳтар намудани фаъолияти ҳизбӣ дар шаҳри Ҳисор ибрози андеша намуда зикр дошт, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳри Ҳисор давра ба давра беҳтар гардидааст, вале дар фаъолият то ҳол мушкилотҳо мавҷуданд, ки бартараф намудани онҳо аз ҳар як раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ масъулият талаб менамояд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор, ки ҳамагон шахсиятҳои донишманду масъулиятшинос мебошанд, дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти дохилиҳизбӣ вусъати тоза мебахшанд.

Мо бояд тавре корҳои ҳизбиро пеш барем, ки дар ҷомеа намунаи ибрати дигарон бошем, яъне аъзои ҲХДТ бо фаъолияти созанда ва поквиҷдонии хеш дар ҷомеа ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошад.

Дар фаромади конференсия як қатор узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Оиннома, Барнома ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, ба якчанд нафар кормандони касбу кори гуногун, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ХХ ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ пӯшида эълон гардид.