Гузоштани санги асоси бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор

2022-07-29

Рӯзи 28 июли соли 2022 бо иштироки Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қосим Роҳбар, Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои КИМ ҲХДТ, Дустмуродзода Сурайё, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи «Ҳисор №7», Исмоилов Ёқуб Боронович, аъзои КИМ ҲХДТ, Аҳмадзода Оятулло Изатулло, Раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан",  Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва баъзе раисони ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Ҳисор дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади фароҳам овардани шароити созгор ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Ҳисор барои бунёди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор санги асос гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи бинои мазкур дар доираи шартномаи дуҷониба аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» бо риояи суннатҳои шаҳрсозию меъморӣ таҳия шудааст.

Бинои мазкур аз се ошёна иборат буда дар тарҳ 20,5 ба 14 метр мебошад, инчунин дар бинои мазкур таҳхона мавҷуд буда дар он бойгонӣ, анбор ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудааст.

Даромади асоси аз самти кӯчаи Исмоили Сомонӣ буда дар ошёнаи якуми он ҳуҷраи муҳофиз, шуъбаи умумӣ, бахши омор ва бақайдгирии маҳзани ягонаи электронии узви ҳизб, толори маҷлисгоҳ барои 94 ҷой бо масоҳати 98,6 метри мурабаъ пешбинӣ карда шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бино утоқҳои кории раис муовини раис бо қабулгоҳи якҷоя, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кардҳо, шуъбаи молиявӣ-муҳосибот ва толори хурди маҷлис барои 22 ҷой бо масоҳати умумӣ 63,6 метри мурабаъ пешбинӣ карда шудааст.

Дар ошёнаи сеюми бино бошад шуъбаи кор бо занон, шуъбаи кор бо ҷавонон шуъбаи таблиғот ва иттилоот инчунин ду утоқи корӣ ва китобхона ҷойгир карда шудааст.

Баландии ошёнаи бино 4,5 метр буда баландии ошёнаҳои дуюму сеюм аз фарш то сақф 3,4 метри мебошад, масоҳати умумии қитъаи замин барои сохтмон 2243 метри мурабаъ буда масоҳати зери сохтмони бино 324 метри мурабаъро ташкил дода боқимондаи онро роҳ ва пиёдарроҳо майдони назди бино ва сабзазоркунӣ ташкил медиҳад.

Намои умумии бино бо назардошти биноҳои мавҷудаи атроф ба шакли классикӣ таҳия карда шуда дар ошёнаи якум санги мармарӣ ва дар ошёнаҳои болоӣ бо истифода аз фибрабитон пешниҳод карда шудааст.

Дар таҳияи лоиҳаи мазкур бо назардошти осори пурбаҳои мардуми тоҷик унсурҳои миллӣ ба монанда арка сутуну сарсутунҳо ва дигарҳо истифода шудааст.

Тавре иттилоъ дода, шуд сохтмони бинои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, аз ҷониби Ёров Мироҷиддин Қурбоналиевич –узви фаъоли ҲХДТ, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар пайравӣ аз иқдомоти созандаи давлату Ҳукумати мамлакат дар мӯҳлати ду сол бунёд мегардад.

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Ёров Мироҷиддин Қурбоналиевич, узви фаъоли ҳизб, аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат ва роҳандозии вусъатманди корҳои сохтмонию ободонӣ изҳори ташаккур баён намуд.

Таъкид карда шуд, ки ҳангоми сохтмон ба сифати кор ва маҳсулоти истифодашаванда аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шавад то ин, ки бинои мазкур даҳсолаҳо истифода бурда шавад.

Қосим Роҳбар, Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои КИМ ҲХДТ зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодааст.

Дар ояндаи наздик бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур тӯҳфаи арзишманд ба ҳизбиёни шаҳр маҳсуб меёбад, гуфта шуд дар оғози корҳои сохтмонии бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор.

Ёдовар мешавем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, ҳадафаш бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Вусъати бомароми корҳои созандагию бунёдорӣ ва татбиқи босамари Барномаҳои ҲХДТ гувоҳи он аст, ки имрӯз ҷомеаи кишвар аз Барномаҳои созандаи ҲХДТ дастгирии ҳамаҷониба менамоянд.