КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Конференсияи ХХ доир намуд

2022-07-28

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон Конференсияи ХХ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон доир карда шуд. Дар кори Конференсия мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии КИМ ҲХДТ Бобоева Гулнора, раиси ноҳияи Хуросон, Аҳмадзода Илҳом, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Тошмуродов Ҳаким, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, Турсунзода Д, вакилон ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.

Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

1. Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.

2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.

3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон.

4. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон.

5. Интихоби вакилон ба конференсияи X|V ҲХДТ дар вилояти Хатлон.

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июли соли 2022 ҳисобот дод.

Чӣ тавре дар баромад қайд гардид, дар давраи ҳисоботӣ сафи аъзои ҳизб мутобиқи нишондоди оморӣ афзун гашта, қабули аъзо ба сафи ҳизб аз ҳисоби занон ва ҷавонон нисбат ба ноябри соли 2019 20% афзоиш ёфта, шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз ба 121 адад расонида шуд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон ва сохторҳои ҳизб дар ноҳия дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми устувори худро пайдо карда, баҳри мустаҳкам намудани обрӯю эътибори ҲХДТ ҳамарӯза талош меварзанд.

Дар музокира вакилон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, Подшоҳзода Нуриниссо ва дигарон баромад намуда, ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро дар давоми моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022 мусбат арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҳизбиён дар тарғиби Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии падидаҳои номатлуб, хизмати содиқона ба Ватан, ҳимояи марзу буми он, дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳиссаи босазои худро гузоштанд. Фаъолияти дохилиҳизбӣ такмил дода шуда, муқоисакунии аъзои ҳизб гузаронида шуд.

Ҳозирин маърӯзаи раиси комиссияи тафтишотии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Қараев Раҳмонқулро ҷиҳати ҳолати молиявии Кумита дар ин давра шуниданд.

Мудири шуъбаи занон ва масъалаҳои гендерии КИМ ҲХДТ, Бобоева Гулнора зикр доштанд, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.

Раиси ноҳияи Хуросон, Аҳмадзода Илҳом дар назди ҳозирин баромад намуда, зикр карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, фароҳам овардани саодати халқ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамватанон мунтазам талош дорад.

Инчунин дар Конференсия аъзои КИ ҲХДТ дар ҳайати 35 нафар ва раёсати он дар ҳайати 11 нафар интихоб гаштанд. Вакилони Конференсия 21 нафар вакилонро ба Конференсияи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешниҳод намуданд.

Дар интиҳо Сипосномаи Муовини аввали Раиси ҲХДТ ба муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор ва раиси хоҷагии деҳқонии "Раҳмон", Сипосномаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон ба як қатор фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардиданд

Баъди анҷоми Конференсия маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бо баррасии ду масъала баргузор гардид. Нахуст, ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, иборат аз 11 нафар интихоб гардида, Турсунзода Дӯстмурод Турсун бори дигар ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон пешбарӣ гардид. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзадии пешбаригардида тасдиқ карда шуд.

Бо ҳамин Конференсия кори худро ба анҷом расонид.