Конференсияи VIII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ баргузор гардид

2022-07-28

Дар кори Конференсияи ХIII КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ аъзои КИМ ҲХДТ Мардзода Одинашо Миришаб, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ширинбеков Садриддин, сармутахассиси Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Шоев Абдулмаҷид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда, ҳамзамон 120 нафар вакил аз 58 ташкилоти ибтидоӣ аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаю ташкилотҳо иштирок доштанд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ котибот, комиссияи мандатӣ, ҳайати таҳририя ва рӯзномаи конференсия тасдиқ карда шуданд.

Аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ Ҳимматзода Ато Ҳиммат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ ҳисобот дода шуд.

Пас аз шунидани ҳисоботи комиссияи тафтишотии комиҷроия чанд нафар вакилони конференсия ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Аз ҷумла, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Мардзода Одинашо Миришаб, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷро таҳлил карда, ба иқдому ташаббусҳои он, чун ҳизби созандаю бунёдкор ва Раиси муаззами он чун сиёсатмадори асилу фарзанди фарзонаю хирадманди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.

Аз рӯи масъалаҳои сеюму чоруми рӯзнома, аъзои КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ҳайати 31 нафар ва Комиссияи тафтишотии комиҷроияи ҳизб дар ҳайати 5 нафар аз нав интихоб карда шуданд.

Сипас маҷлиси Кумитаи иҷроия баргузор гардида, ду масъала – интихоби раёсат ва интихоби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷро баррасӣ намуд. Дар ҳайати раёсати Комиҷроияи ҳизб 11 нафар пешниҳод ва интихоб шуданд.

Бо назардошти фаъолияти чандсола ба ҳайси раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ, татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва низомномавии ҲХДТ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҳизбӣ, донишу таҷрибаи корӣ, масъулиятшиносӣ, арҷ гузоштан ва садоқат доштан ба арзишҳои ватандустӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ, иштироку саҳми фаъол дар корҳои ҷамъятӣ бо овоздиҳии якдилонаи вакилон, Ҳимматзода Ато Ҳиммат аз нав раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ванҷ интихоб гардид.

Ҳамзамон, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ширинбеков Садриддин зимни суҳбати хеш иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.

Эҳтироми муқаддасоти миллӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби наврасон ба донишомузӣ, забондонӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, даъвати ихтиёриен ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи марзу бум, тақвияти зиракии сиесӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз ҷумла терроризм, экстремизм, иштирок дар корҳои созандагию ободонӣ дар доираи пешвози 30- солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти хурока барои ду соли оянда зимни суҳбат иброз карда шуданд.

Дар ҷамъбасти конференсия ба чанд нафар фаъолон дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, бархе аз сокинони ноҳияи Ванҷ алалхусус ҷавонон дар асоси пешниҳоди ариза ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ қабул карда шуданд.