Ифтитоҳи биноҳои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳияҳои вилояти Хатлон тӯҳфаи арзандаест барои ҳизбиён

2022-07-28

Ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои бунёдкорию созандагӣ ва амалигардонии ҳадафҳои бузургу мақсаднок бомаром ҷараён доранд. Дар баробари иншооти дигаре, ки дар рӯзҳои таҷлили сазовори ҷашни истиқлол дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, корҳои сохтмонии биноҳои навбунёди кумитаҳои иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ вусъати тоза мегиранд.

Тавре, ки маълум аст, то имрӯз 24 кумитаи иҷроия соҳиби бинои алоҳида гардида, ба таври пурсамар фаъолият доранд. Тибқи нақша, ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра бо бинои маъмурӣ таъмин гардидаанд. Танҳо корҳои сохтмонӣ дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо маром ҷараён дошта, ҳизбиён кӯшиш доранд, ки ҳарчӣ зудтар биноро сохта ба истифода диҳанд.

Санаи 25.07.2022 барои ҳизбиёни ноҳияи Шаҳритус ва Панҷ рӯзи хотирмон буд. Дар ин рӯз биноҳои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳияҳои номбурда ифтитоҳ гардиданд, ки ин тӯҳфаи беназир барои ҳизбиён мебошад. Бо шарофату дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳизбиён шароити шоистаи корӣ муҳайё карда шуд. Акнун ҳамаи моро мебояд, ки аз ҳар вақта дида бештар фаъолият намоем ва баҳри дар амал татбиқ намудани Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳмгузор бошем.