Конференсияи ХХVIII Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ
2022-07-28
Дар толори МДВ “Театри
мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов”-и ноҳияи Ашт Конференсияи ХХVIII
ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
ноҳияи Ашт бо иштироки вакилон, собиқадорон, фаъолони ҳизб ва аъзои фаъоли ТҶҶ
“Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.
Дар кори Конференсия
муовини Раиси ҲХДТ, Латифзода Асрор Қурбон, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи
Марказии ҲХДТ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати
Тоҷикистон, Шарифзода Мӯъмин Машокир, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
вилояти Суғд, Замира Мансурӣ ва раиси ноҳияи Ашт, Муҳаммадзода Шӯҳрат, Раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, Хушнуд Каримзода ва муовини раиси ноҳияи
Ашт, Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода иштирок доштанд.
Кори Конференсияи
ХХVIII ҳисоботӣ-интихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз рӯи масъалаҳои зерин доир
карда шуд.
1. Ҳисоботи Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри
соли 2019 то моҳи июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;
2. Ҳисоботи комиссияи
тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар давраи ҳисоботӣ;
3. Интихоби ҳайати
нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт;
4. Интихоби ҳайати
нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт;
5. Интихоби вакилон ба
Конференсияи 15-уми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд;
6. Масъалаҳои ҷорӣ.
Аз рӯи масъалаи якуми
рӯзнома оид ба ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти 2,5
солаи (аз 01.11.2019сол то 01.07.2022сол) бурду бохт, пешравиву камбудӣ, ба
натиҷаҳои назаррас ноил гардидани кумиҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ,
омӯзишу тарбияи сиёсии шаҳрвандон махсусан, ҷавонон, ба аҳолӣ расонидани
муҳиммият ва афзалиятнокии арзишҳои сохти конститутсионӣ, сулҳу субот дар
ҷомеа, дастовардҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳизбӣ, инчунин,
нисбати пешгирӣ аз мубориза бурдан бо ҳама ангезаҳои номатлуби ҷомеа,
ҳаракатҳои тундгаро ва созмонҳои террористӣ ҳисобот дод.
Пас аз ҳисоботи раиси
кумиҷроия, вакилони конференсия аз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Беморхонаи
марказии ноҳия Имомов Абдурауф, ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамоати
шаҳраки Шайдон, вакили Маҷлиси вакилони халқии вилоятии Суғд, аз ҳавзаи
интихоботии №42 Мулоҷонова Дилафрӯз ва вакил аз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар
назди Беморхонаи минтақавии №5, собиқадори ҳизб Турсунов Ахмадхоҷа ба муҳокимаи
маъруза баромада, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Аштро давоми 2,5 соли ҳисоботӣ
қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Муовини Раиси ҲХДТ,
Латифзода Асрор Қурбон дар суханронии худ доир ба фаъолияти ҲХДТ дар ноҳияи
Ашт, нуфузи ташкилотҳоии ибтидоӣ, алоқаи зичи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ бо
кумитаи иҷроия, фаъолияти вакилон вобаста ба корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, дар
бораи узвият ба ҳизб, фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан”, мавқеи сиёсии аъзои ҳизб,
вазифаҳои асосии Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва ҳадафҳои асосии Барномаи ҲХДТ фикру
андешаҳои хешро мавриди зикр қарор доданд.
Аъзои Раёсати Кумитаи
Иҷроияи Марказии ҲХДТ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва
сиёсати Тоҷикистон, Шарифзода Мӯъмин Машокир низ дар баромади худ нисбати
ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва дастуру
супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани
ин ҳадафҳоро зикр намуда, дар охири сухани худ аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба
роҳбари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Сипас, баррасии
масъалаи сеюми рӯзнома «Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт»
иборат аз 41-нафар муқаррар карда, ба салоҳияти вакилони конференсия пешниҳод
карда шуда, ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҳизб мувофиқи руйхат ба таври овоздиҳии
кушод интихоб карда шуд.
Масъалаи чоруми
рӯзнома – “Интихоби комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт” дар ҳайати
5-нафар пешниҳод карда шуд.
Гурӯҳи кории
Конференсия руйхати эҳтимолии ҳайати нави комиссияи тафтишотиро тартиб дод, ки
пешниҳоди вакилон гардонида шуд. Оид ба масъалаи мазкур қарор қабул карда шуд.
Вобаста ба масъалаи
панҷуми рўзномаи Конференсия, яъне «Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи
15-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ноҳияи Ашт, ки мувофиқи меъёр 41-нафар номзад
ба Конференсияи 15-уми ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамчун вакил интихоб карда шуд.
Баъд аз анҷоми
Конференсия, Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар ноҳияи Ашт бо баррасии ду масъала:
1. Интихоби Раёсати
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт.
2. Интихоби Раис ва
муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт баргузор карда шуд.
Тибқи банди 4.13
Оинномаи ҳизб Раёсати Кумитаи иҷроия иборат аз 11 нафар пешниҳод гардид, ки аз
ҷониби аъзо интихоб гардиданд.
Мутобиқи банди 4.19
Оинномаи ҲХДТ Раиси ҲХДТ номзадҳоро барои интихоб кардан ба вазифаи раисони
кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар маҷлиси КИ ҲХДТ дар
вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамоянд. Дар мувофиқа бо Раиси ҲХДТ,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Каримзода Хушнуд Каримӣ барои интихоб гардидан
ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи
Ашт пешниҳод ва аз ҷониби вакилон интихоб гардид.
Латифзода Асрор
Қурбон, муовини Раиси ҲХДТ Каримзода Хушнуд Каримиро барои интихоб шуданашон ба
ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, дар корҳои оянда комёбӣ таманно намуд.
Инчунин ба муовинии
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Рузиматов Дилшод Каримқуловичро
пешниҳод намуданд, ки бо овоздиҳии аъзои Раёсат ва Кумиҷроияи ноҳиявӣ интихоб
карда шуд.
Сипас, дар фазои
тантанавӣ барои хизматҳои арзанда ва таҳкими худшиносии миллӣ, саҳм гузоштан
дар амалишавии ҳадафҳои созандаи ҳизб якчанд нафар бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар
вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт сарфароз гардида, ҳамзамон ба 15-нафар
аъзои навқабулгардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.