Корҳои созандагию бунёдкорӣ дар сатҳи маҳал

2022-07-27

Ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд.

Дар доираи аксияи мазкур бахшида ба таҷлили ҷашни миллии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони маҳаллаи Саъди Шерозии ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав роҳҳои дохили маҳалла дар масофаи зиёда аз 5 километр азнавсозӣ карда шуда, мумфарш гардиданд.

Аҳолии маҳалла дар ҳамдастӣ бо ҳизбиёни ноҳия сарҷамъона бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод ба ҳашар баромада, як гӯшаи маҳалро обод намуданд.

Мардуми меҳнатқарини диёр, дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро омили муҳимми мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рўйдоди сарнавиштсоз шумурда, иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд. Роҳнамоиҳои ӯ инъикосгари воқеии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбуб ва идомаи корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад.