Аёдати сарбозони Госпитали ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
2022-02-17
16-уми феврали соли 2022 дар
асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
шаҳри
Душанбе бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои
Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода ба
дидорбинии сарбозони бистарии Госпитали ҳарбии Қувваҳои
Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафт.
Зимни аёдат Иброҳим Мирзозода иброз дошт, ки
афсарону кормандони Қувваҳои
мусаллаҳи кишвар ҳамеша таҳти ғамхории Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои
мусаллаҳи мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон
қарор дошта, дар ҳама иду ҷашнҳо
ба онҳо кумакҳои моддию молиявӣ расонида мешавад.
-Имрӯз
ифтихори ватандорӣ ва
дарки масъулияти шаҳрвандӣ
афсарону кормандони мақомоти амният ва
қувваҳои
мусаллаҳро ба
марҳилаи муҳими ҳаёт
- хизмат барои амнияту осоиштагӣ
ва сулҳу суботи сартосарӣ равона кардааст. Аз
ин рӯ,
боварии комил дорем, ки
дар ин мактаби мардонагӣ
таҷрибаи зиндагӣ,
ҷавонмардӣ
ва ҷонфидои марзу бум
буданро ба
Шумо омӯхтааст, то ҳамеша барои амнияту суботи кишвар ва ҳимояи хоки Тоҷикистон содиқона хизмат намоед, - гуфт дар
идома раиси КИ
ҲХДТ дар
шаҳри
Душанбе.
Дар навбати худ аёдатшудагон иброз
доштанд, ки баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва
иҷрои
уҳдадориҳои
хизматӣ беш
аз пеш заҳмат кашида,
вазифаҳои худро сарбаландона иҷро менамоянд.
Аз ҷониби ҳизбиёни пойтахт ба
масъулин Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва ба
беморон туҳфаҳои хотиравӣ
тақдим
карда шуд.