«РОҒУН» – КАФИЛИ ВАЗЪИ БОСУБОТИ ЭКОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ВА МИНТАҚА. Он метавонад давлатҳои ҳамсояро бо неруи барқ ва дар лаҳзаҳои камобиву хушксолӣ бо об таъмин намояд

2022-07-27

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» қадами устувор баҳри ноил шудан ба «иқтисоди сабз» маънидод гардида, дар заминаи он имконияти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҷой дорад. НБО-и «Роғун» ҳамчун иншооти бузурги стратегӣ кафили ҳифзи муҳити зист на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа ба ҳисоб рафта, дар баробари ин вазифа, инчунин имкон дорад давлатҳои ҳамсояро бо неруи барқ ва дар лаҳзаҳои камобиву хушксолӣ бо об таъмин намояд»,- нигоштааст доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Бахтовар САФАРЗОДА дар мақолае, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.

Дар зер матни пурраи мақоларо пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Гузариши инсоният аз як давраи таърихӣ ба марҳилаи дигари инкишоф, ки бо низоми демократӣ ва бунёди давлати иҷтимоӣ алоқаи ногусастанӣ дорад, ҷомеаи инсониро водор намуд, то баҳри расидан ба чунин низоми давлатдорӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ қадамҳои устувор гузошта, коркарди технологияи муосир ва рушди иқтисодро дар мадди аввал қарор диҳад. Албатта, тафаккур ва ақли инсонӣ қодир ба ҳама гуна ихтироот буда, маҳсули он метавонад сатҳ ва сифати зиндагии башариятро ба таври куллӣ дигаргун намояд, ки инро мо дар марҳилаи кунунӣ ба таври возеҳ мушоҳида менамоем. Яъне, бо мақсади расидан ба зиндагии шоиста ва бунёди давлати демокративу иҷтимоӣ инсон ба амалҳое рӯ меорад, ки аз як тараф мазмуну моҳияти ҳаётро дигаргун намуда, низоми идораи ҷомеаро ба таври назаррас тағйир дод ва аз тарафи дигар бехабар аз он шуд, ки чунин навъ дигаргунӣ рӯзе боиси таҳдид ба ҳастии инсоният ва мавҷудоти рӯйи замин мегардад.

Рушди босуръати саноат ва таъсиси корхонаҳои азими истеҳсолӣ кафолати пешрафти иқтисодиёт ва некуаҳволии ҳар кишвар буда, давлатҳои пешрафтаву рӯ ба рушд бо роҳҳои гуногун барои тараққиёти ин самт талошҳо мекунанд. Аммо имрӯз вақти он расидааст, ки инсоният на танҳо ба худ, балки ба сайёраи Замин, табиат, захираҳои табиӣ, олами набототу ҳайвонот ғамхорӣ зоҳир намояд, чунки солимии ҳаёт ва бардавомии умри инсоният ба онҳо пайвандии зич дорад. Аз ин лиҳоз, рӯ овардан ба «иқтисоди сабз» роҳи хуби раҳоӣ ёфтан аз мушкилоти табиӣ ва дар баробари ин рушди соҳаи иқтисодиёти давлат ба ҳисоб меравад. Он барои нигоҳ доштани некуаҳволии ҷомеа тавассути истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, инчунин таъмини баргардонидани маҳсулоти ниҳоӣ ба давраи истеҳсолот равона гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар ин самт бетараф набуда, пайваста аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, то дар ҳалли мушкилоти мазкур бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накунанд. Бо ин мақсад давлату Ҳукумати кишвар ташаббусҳои наҷибро пеша карда, пайваста талош доранд, ки муҳити солими зистро на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ таъмин намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид иброз менамоянд, ки «Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки яке аз манбаъҳои асосии барқароршавандаи энергия ва истеҳсоли «энергияи сабз» ба шумор меравад. Дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» мамлакати шашуми пешсафи сайёра мебошад. Инчунин Тоҷикистон аз рӯйи кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Аз ин лиҳоз, истеҳсоли ҳарчи бештар ва истифодаи васеи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалияти рақобатнокии иқтисоди кишвари мо маҳсуб мешавад. Мо ният дорем, ки ин имконияти азимро дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода барем».

Ин баёнгари он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли «энергияи сабз»-ро ҳамчун ҳадафи афзалиятноки худ қарор дода, онро ҳам бо мақсади рушди соҳаи саноат дар мамлакат ва ҳам бо мақсади солим нигоҳ доштани муҳити зист истифода мебарад, зеро «энергияи сабз» манбаъҳои барқароршавандаи энергияро доро мебошад. Истеҳсоли ин навъи энергия аз чанд ҷиҳат ба мақсад мувофиқ аст, аз ҷумла:

Ифлосшавии муҳити зистро пешгирӣ намуда, ба воридшавии газҳои гулхонаӣ монеъ мегардад ва дар солим нигоҳ доштани муҳити зист таъсири амиқ мегузорад.

Коршиносони соҳа аксар маврид бар он назаранд, ки ин навъи энергия дар фарқ аз манбаъҳои дигари он, ба мисли энергияи атомӣ, газ, нафт ва ғайра хусусияти тамомнашавандагӣ ва ё хушкнашавандагӣ дорад.

Онро метавон ҳам дар минтақаи тиҷоратӣ ва ҳам дар минтақаи аҳолинишин бунёд намуд.

Истеҳсоли «энергияи сабз» ба саломатии инсон ва олами набототу ҳайвонот таъсири манфӣ намерасонад ва ғайра.

Афзалияти истеҳсоли ин навъи энергияро Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк намуда, бо дарназардошти имконияои мавҷуда мақсад гузоштааст, ки то соли 2050 истеҳсоли онро ду баробар зиёд намояд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 360 неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки яке аз онҳо НБО-и «Роғун» ба ҳисоб рафта, аз зумраи бузургтарин неругоҳҳои барқи обӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси сайёра маҳсуб гардида, аз нигоҳи истеҳсоли барқи тозаи экологӣ низ ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд.

Дар ин самт, бунёдгузори НБО-и «Роғун»- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар намудаанд: «Роғун» бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ нақши бузург хоҳад бозид». Ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳадаф аз бунёди НБО-и «Роғун» на танҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зисти аҳолӣ мебошад, балки дар давраи камобиву хушксолӣ таъмин намудани аҳолии минтақа бо об аз зумраи ҳадафҳои дигари бунёди ин иншооти аср ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр намоем, ки Пешвои миллат чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ марди қавлу амал буда, ташаббусу пешниҳодоти сатҳи ҷаҳонии худро қотеъона дар амал татбиқ менамоянд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди об, ки чор маротиба аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтаву роҳандозӣ мешаванд, дар мисоли сохтмони иншооти аср- НБО-и «Роғун» татбиқ гардида истодаанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки сиёсати Пешвои миллат дурандешонаву манфиатовар буда, қобили дастгириву пайравӣ мебошад.

Инсоният бояд ба дастоварду пешравиҳои худ дурандешона назар намояд. Агар ҷомеаи инсонӣ бо чунин суръат инкишофи корхонаҳои бузурги саноатии ихроҷкунандаи газҳои зарарнок қаноат кунад, пас садсолаҳои баъдӣ башариятро чӣ интизор хоҳад буд? Ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст то доир ба ин масъала аз дирӯз дида, имрӯз ташаббусҳои таъхирнопазирро рӯйи даст гирад ва роҳҳоеро ҷустуҷӯ намояд, ки барои ҳалли мушкилоти мавҷуда заминагузор бошанд.

Тадбирҳои андешидаистодаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт ҳадафҳои бунёдӣ дошта, барои дуриҳои таърих ва садсолаҳои баъдӣ нигаронида шудаанд, ки эътирофи онро имрӯз, аллакай ҷомеаи байналмилалӣ дарк намуда истодааст. Яъне, гармшавии бесобиқаи ҳаво, ки имрӯз давлатҳои Аврупову Африқо ва Осиёи Марказиву Ҷанубиро фаро гирифтааст, натиҷаи бунёди корхонаҳои азими истеҳсолӣ маҳсуб мешавад, ки ба ҳаво газҳои гулхонаиро ихроҷ намуда, боиси суфта шудани қабати озонии ҳаво гардида, дар натиҷа қабати озонӣ вазифаи муҳофизатии худро дар муқобили Офтоб ба таври зарурӣ анҷом дода натавониста истодааст. Чунин амал, агар аз як тараф таъсири манфии худро ба муҳити зисти инсонҳо гузорад, аз тарафи дигар, боиси нобуд гардидани пиряхҳои хурду бузург мешавад, ки хатари аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби дарёҳо ва дар даҳсолаҳои баъдӣ хавфи камобӣ ва ё хушксолиро ба вуҷуд оварданаш аз эҳтимол дур нест. Маҳз бо дарназардошти гуфтаҳои фавқуззикр ҷомеаи байналмилалиро зарур аст, ки баҳри гузаштан ба «иқтисоди сабз» тадбир андешад.

Имрӯз дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим моро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, баҳри ба итмом расонидани Кохи нури миллати тоҷик- «Роғун» тамоми кӯшишҳои худро равона намоем ва Тоҷикистонро ба кишвари асосии содироткунандаи неруи барқ, ҳифзкунандаи муҳити зист ва таъминкунандаи об дар минтақа табдил диҳем. Дар иҷрои ин рисолати инсонӣ ба ҳар фарди соҳибватану ватанпарвар комёбӣ ва муваффақият орзу менамоем.

Бахтовар Сафарзода,

 доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

профессор