Лахш: Конференсияи ХХ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
2022-07-27
Дар
толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш Конференсияи ХХ
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш баргузор гардид, ки дар кори
он мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳабибзода Зоир, раиси ноҳияи Лахш Баротзода
Файзулло Раҷаб, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Лахш Неъматзода Насрулло иштирок
доштанд. Дар кори Конференсия 207 нафар вакил аз ҳисоби ҲХДТ, собиқадорон ва
фаъолони ҳизбӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштироки фаъолона намуданд.
Дар кори Конференсия 8
масъала мавриди баррасӣ қарор
гирифт:
1. Дар бораи фаъолияти
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Лахш дар давраи аз моҳи январи соли 2020 то
моҳи июни соли 2022
2. Ҳисоботи Комиссияи
тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Лахш дар давраи ҳисоботӣ
3. Интихоби ҳайати
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Лахш
4. Интихоби ҳайати
Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Лахш
5. Интихоби аъзои
раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Лахш
6. Интихоби ҳайати
комиссияи таҳририя
Аз рӯи масъалаи якуми
рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Лахш Неъматзода
Насрулло “Дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Лахш дар давраи
аз моҳи январи соли 2020 то моҳи июни соли 2022” ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Шехов Аюбҷон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Пилдон” ва Ахмедов Пӯлод аз ташкилоти
ибтидоии ҳизбӣ "Алоқа" фаъолияти
ҳизбиро дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия Каримов Қадридин,
аъзои Комиссияи тафтишотии ҳизбӣ дар ноҳияи Лахш ҳисобот пешниҳод намуда, тибқи
тартиби пешниҳодшуда масъалаҳои дигари рӯзномаи Конференсия мавриди баррасӣ
қарор гирифтанд. Дар Конференсия
ҳайати нави Кумитаи иҷроия бо
шумораи 25 нафар, Комиссияи тафтишотӣ бо шумораи 3 нафар, ҳайати Котибот аз 2
нафар, ҳайати комиссияи таҳририя иборат аз 3 нафар, комиссияи мандатӣ иборат аз
3 нафар интихоб гардиданд. Вакилони Конференсия дар рафти қабули қарорҳо
фаъолияти назаррас доштанд.
Дар рафти Конференсия
мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон Ҳабибзода Зоир, раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло
Раҷаб суханронӣ намуда, фаъолияти ҳизбиёни ноҳияро мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Зимни баромад иброз
гардид, ки ҲХДТ ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху
фарҳанги қадима, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ҳамеша арҷ гузошта, бо ҷалби
неруи ҷавонон ҷиҳати бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ, истифодаи
имкониятҳо дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва татбиқи рукнҳои дигари демократӣ
дар ин замина, бо усулҳои муосири таъсиррасонӣ корҳои таблиғотиро амалӣ
мегардонад.
Дар охир ба як қатор
фаъолони ҳизб, собиқадорон Сипосномаҳои КИМ ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар ноҳияи Лахш дар муҳити тантанавӣ
супорида шуданд.