Конференсияи XVII ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид
2022-07-27
Бо иштироки мудири
шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳабизода Зоҳир
Иззат, Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос, Конференсияи XVII ҲХДТ
дар ноҳия баргузор гардид.
Сароғоз ҳисоботи
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба фаъолияти кумита дар давраи
ҳисоботӣ шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Тоҷикобод дар давари ҳисоботӣ як зумра корҳои назаррасро ба сомон дода, дар
тарғиби идеологияи миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, баланд
бардоштани иродаи сиёсии халқ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, худшиносиву
худогоҳии миллӣ ва амсоли инҳо нақши созгор гузоштааст.
Дар музокира фаъолони
ҳизбӣ иштирок намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Ҳисоботи комиссияи
тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод ироа гардид. Ҳамаи
масъалаҳои тасдиқгардида баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Сипас мудири шуъбаи
ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Ҳабизода Зоҳир Иззат
зимни суханронии худ афзуд, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси
муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми давлатдории миллӣ дастгирии
қишрҳои ниёзмаду бепарастор, таҳкими арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, расидан ба
зиндагии шоистаи мардуми шарифи мамлакат саҳми муносиб дорад.
Ҳамзамон зикр намуд,
ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ
номзадии Фозилзода Ҳилолӣ ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Тоҷикобод пешбарӣ гардидааст.
Номзадии Фозилзода
Ҳилолӣ дар Маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод ба овоз
гузоша шуда, бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзадии пешбаригардида тасдиқ
гардид.
Ҳамин тариқ, дар
лаҳзаи тантанавӣ Шифоев Лутфуло барои хизматҳои шоиста дар тадбиқи ҳадафҳои
Оинномавии ҲХДТ, таҳқими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи ватанпарастии
ҷавонон бо туҳфа ва Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ сарфароз гардонида
шуд. Дигар фаъолони ҳизбӣ низ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардианд.