Конференсияи ХVI КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз бо иштироки Муовини якуми Раиси ҲХДТ баргузор гардид
2022-07-27
Дар
кори Конференсияи ХVI КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ
Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
раиси ноҳияи Дарвоз Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда, 65 нафар вакил аз 69 ташкилоти ибтидоӣ,
роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.
Пас
аз садо додани Суруди миллӣ котибот, комиссияи мандатӣ, ҳайати таҳририя ва
рӯзномаи конференсия тасдиқ карда шуд.
Раиси
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз Бердиев Маҳмуд оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз
моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Пас
аз шунидани ҳисоботи комиссияи тафтишотии комиҷроия, чанд нафар вакилони
конференсия ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Дарвозро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Аз
ҷумла, муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳор фаъолияти Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дарвозро таҳлил карда,
ёдовар
шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи
мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва Ҳукумати
кишвар нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти қудратманд тараннумгари дастовардҳои
навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам
бо риояи қонунҳо, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо
сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандеро ба роҳ
мондааст.
Аз
рӯи масъалаҳои сеюму чоруми рӯзнома, аъзои КИ ҲХДТ ва Комиссияи тафтишотии
комиҷроияи ҳизб дар ҳайати 31 ва 3 нафар аз нав интихоб карда шуданд.
Сипас
маҷлиси Кумитаи иҷроия баргузор гардида, ду масъала – интихоби раёсат ва
интихоби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвозро баррасӣ намуд.
Дар
ҳайати раёсати Комиҷроияи ҳизб 5 нафар пешниҳод ва интихоб шуданд.
Ватанов
Пулод бо назардошти солҳои зиёд аъзои фаъоли ҳизб будан, иштироки фаъолона дар
ҳаёти ҳизбӣ, донишу таҷрибаи корӣ, масъулиятшиносӣ, арҷ гузоштан ва садоқат
доштан ба арзишҳои ватандустӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандустӣ ва
хештаншиносӣ, иштироку саҳми фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ бо овоздиҳии якдилонаи
вакилон раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дарвоз интихоб гардид.
Ҳамзамон,
муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор зимни суҳбати хеш иброз
доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои
умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда,
барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ
месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади
муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани
имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва
эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш
менамояд.
Эҳтироми
муқаддасоти миллӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби наврасон ба
донишомузӣ, забондонӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ,
даъвати ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи марзу бум, тақвияти зиракии
сиёсӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, мубориза алайҳи ҳама гуна зуҳуротҳои
номатлуби ҷомеа аз ҷумла терроризм, экстремизм, иштирок дар корҳои созандагию
ободонӣ дар доираи пешвози 30- солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷткистон, ба
гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, самаранок истифода
бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти хурока барои ду соли оянда,
Дар
ҷамъбасти конференсия ба чанд нафар фаъолон дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаҳои
ҳизбӣ супорида шуда, бархе аз сокинони ноҳияи Дарвоз, хусусан ҷавонон дар асоси
пешниҳоди ариза ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои
тантанавӣ қабул карда шуданд.