Озмуни вилоятии "Хоҷагии беҳтарин"
2022-07-26
Дӯстӣ: Дар асоси
фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, бахшида ба сазовор
пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмунҳои
"Хоҷагии беҳтарин", "Оилаи кишоварзи сол" ва
"Хазинадори беҳтарин" байни сокинон, ҷонибдорон ва аъзоёни ҲХДТ эълон
гардидааст. Озмуни мазкур дар ду марҳила ноҳиявӣ ва вилоятӣ гузаронида мешавад.
Дар номинатсияи
"Хоҷагии беҳтарин" аз байни дигар хоҷагиҳо хоҷагии деҳқонии ба номи
"Муҳаммад Осимӣ" аз деҳаи Қубодиёни Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод интихоб
гардид.
Хоҷагии мазкур дар
майдони умумии 12 га ташкил ёфта, самти асосиаш ангурпарварӣ мебошад.
Деҳқонони хоҷагӣ дар
майдони 9 га боғи ангур бунёд карда, дар 2 гектар пахта ва дар майдони 1 га
ҷуворимаккаи дон кишт намудаанд.
Роҳбари хоҷагии
деҳқонии "Муҳаммад Осимӣ" Муҳаммадҷонов Иномҷон буда дар хоҷагӣ 14
саҳмдор кору фаъолият мекунанд.
Айни замон нашъунамои
пахта ва ҷуворимакка хеле хуб буда ҳосили ангур пухта расидааст. Ҳангоми дидан
намудан аз хоҷагии мазкур саҳмдорон ба ҷамъоварии ҳосили ангур машғул буданд ва
зимни суҳбат роҳбари хоҷагӣ иброз дошт, ки имсол зиёда аз 100 тонна ангур
истеҳсол мекунанд ва қисме аз ҳосили ангур ба бозорҳои дохили ҷумҳурӣ, қисми
дигараш дар асоси шартнома ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Бо мақсади самаранок
истифода бурдани замин деҳқонони хоҷагӣ дар байни қаторҳои 4 гектар боғи ангури
навбунёд, зироатҳои мош, лубӣ, чормағзи заминӣ ва кадуро кишт кардаанд, ки ин
даромади иловагӣ барои саҳмдорон ба ҳисоб меравад.
Саҳмдорони хоҷагӣ бо
маоши хуб, як вақт хӯроки гарм ва маҳсулотҳои кишоварзӣ сари вақт таъмин карда
мешаванд.
Роҳбари хоҷагӣ Муҳаммадҷонов
Иномҷон мегӯяд ин ҳама шароитҳои хуб аз баракати Истиқлолият ва талошу
заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Танҳо мо
шаҳрвандон ва деҳқононро лозим аст, ки меҳнат кунем заҳмат кашем ва оилаву
ватанамонро худамон обод созем.