Вохӯрӣ бо кормандон ва беморони Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022-02-17

  16-уми феврали соли 2022 бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб бо кормандон ва беморони Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Қабл аз вохӯрӣ масъулин сарбозони беморро аёдат намуда, онҳоро ба муносибати 29-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Ҳамзамон, ба онҳо туҳфаҳои идона аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб супорида шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода нуктаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод.

Гуфта шуд, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат бо назардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат пешниҳод намуданд, ки солҳои 20222026 Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд. Эълон гардидани Солҳои рушди саноат, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва бо кор таъмин кардани аҳолии мамлакат мусодат хоҳад кард.

Дар охир Иброҳим Мирзозода аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки тибқи гуфтаҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ин Ватану ин марзу буми муқаддасро беш аз ҷон дӯст доранд.

Дар навбати худ афсарон иброз доштанд, ки баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ талош намуда, ба ватану миллат содиқона хизмат менамоянд.

Дар охир ба роҳбарият ва кормандони шифохона Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб супорида шуд.