Баргузории Конференсияи XIV ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон

2022-07-25

Конференсияи XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи Давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ, вакилон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагони ВАО ва Созандагони Ватан иштирок доштанд.

Дар кори Конференсияи XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, интихоби ҳайати (аъзои) Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, интихоби ҳайати (аъзои) Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Конференсияи XIV ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувонро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф Кавг кушода, вакилонро бо рӯзномаи он шинос намуд.

Нахуст, аз номи комиссияи мандатӣ узви комиссия Мансур Ҳувалов ба сухан баромада, оид ба анҷоми кори комиссияи мандатӣ ахборот дод.

Сипас, оид ба масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф Кавг вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар давоми моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод. Дар ҳисобот ҳамаи дастовардҳо, камбудиву норасоиҳо дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасиву таҳлил қарор дода шуданд.

Баъди шунидани ҳисоботи Кумитаи иҷроия, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ”- и ноҳия Пиров Илҳом, вакилони Конференсия Зикруллоева Ороста ва Азимов Рамазон, узви комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ба музокира баромаданд.

Вакилони конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 23 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва вакилонро ба Конференсияи XIV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иборат аз 8- нафар интихоб карданд.

Сипас, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ Набот оид ба фаъолияти аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб, пешравию камбудиҳо, баргузории чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, қабул ба сафи ҲХДТ, ҳаракати аъзои ҳизб, сари вақт супоридани ҳаққи узвият, саҳмгузории аъзои ҳизб дар маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва омодагӣ ба ҷашнҳои дар пешистода ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин оид ба фаъолияти аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Балҷуувон ибрози андеша намуда, ба Мирзозода Исуф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон барои фаъолияти пурсамараш миннатдорӣ баён намуданд.

Ҳамзамон, мавсуф, Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувонро бо баррасии ду масъала баргузор намуд. Доир ба масъалаи якум аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон интихоб гардид. Сипас, зикр намуд, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, номзадии Зоирзода Маърифат Оймаҳмад ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон пешбарӣ гардидааст.

Номзадии мавсуф дар Конференсияи XIV ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон барои тасдиқ ба овоз гузошта шуд. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзади пешбаригардида тасдиқ гардид.

Ҳамин тариқ, дар лаҳзаи тантанавӣ Мирзозода Исуф Кавк барои хизматҳои шоиста дар татбиқи ҳадафҳои Оинномавии ҲХДТ, таҳқими худшиносию худогоҳии миллӣ ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуда, дигар фаъолони ҳизбӣ низ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.