Восеъ: Конфренсияи XVIII ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид

2022-07-25

Конференсияи XVIII ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид. Дар Конференсия мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ Ширинбеков Садриддин, раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон иштирок доштанд. Дар Конференсия 136 нафар вакил аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ, собиқадорони ҳизбӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" иштироки фаъолона доштанд. 

Дар Конфренсия 6 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз руйи масъалаи якуми рӯзномаи КонференсияРаиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ "Дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022" ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Баъдан Орифзода Муҳаммад, мудири маорифи ноҳияи Восеъ ба музокира баромад.

Мирзовализода Одил, раиси комиссияи тафтишотӣ аз руйи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия "Дар бораи вазъи фаъолияти Комиссияи тафтишотӣ дар давраи ҳисоботӣ" гузориш дод. Аз руйи масъалаҳои дигари рӯзномаи Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроия, Комиссияи тафтишотӣ дар ҳайати 5 нафар ва ҳайати вакилони Конференсияи 14- уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳайати 32 нафар интихоб гардиданд. Дар рафти Конференсия Ширинбеков С, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТҲусейнзода Н, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Шарифзода Ҷамшед, узви КИМ ҲХДТ, раиси ноҳияи Восеъ суханронӣ намуда, фаъолияти ҳизбиёни ноҳияи Восеъро  қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳизб аз рӯзҳои аввал ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат ва ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занон диққати аввалиндараҷа дода, ҳадафи устувору пойдор гардонидани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёдро ҳамеша пайгирӣ менамояд.

Дар охир ба як қатор фаъолони ҳизбӣ Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Баъди баргузории Конференсия, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид ва дар маҷлиси баргузоргардида Сафар Ҳафиза Разоқ бори дигар аз тарафи аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ интихоб гардид.