Шаҳристон: Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ

2022-07-25

Конференсияи ХХVII ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон барпо гардид. Дар кори Конференсия Роҳбари ташкилоти ҷамъиятити ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр, раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур Исмоил, вакилон, фаъолони ҲХДТ ва аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Нахуст меҳмонон ва вакилони Конференсия бо намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони Шаҳристон ва дастовардҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон аз Конференсия то Конференсия шинос гаштанд.

Дар Конференсия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

1. Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022.

2. Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июли соли 2022

3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон

4. Интихоби ҳайати нави комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон.

5. Интихоби вакилон ба конференсияи XV ҲХДТ дар вилояти Суғд.

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то июни соли 2022 ҳисобот дод.

Инчунин дар Конференсия Роҳбари ташкилоти ҷамъиятити ҷавонон “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода бо баробари изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон вазифаҳои ҳизбиёнро дар минбаъда мушаххас муайян карданд. Инчунин муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр ва Раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур Исмоил низ дар назди ҳозирин баромад намуда, зикр карданд, ки ҳизбиён дар бурдани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар ҳамбасти бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ якҷоя амал менамоянд.

Вакилони Конференсия 11 нафар вакилонро ба Конференсияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд пешниҳод намуданд.

Ба як қатор фаъолони ҳизб Сипосномаи КИМ ҲХДТ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон супорида шуданд.

Бо ҳамин Конференсия кори худро ба анҷом расонид. Дар маҷлиси аввалини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо аз нав раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон интихоб гардид.