Баргузории Конференсияи XXIII ҲХДТ дар ноҳияи Данғара
2022-07-25
Дар Муассисаи давлатии “Қасри
ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара” Конференсияи XXIII Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Дар кори конфронс Роҳбари
Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода
Абдураҳмон, муовини Раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, Аъзои
Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоҳиён Нуралӣ
Набот, муовинони Раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Садриддин Достӣ ва
Абдуллозода Фариза иштирок доштанд. Дар Конференсия 116 – вакилон аз ҳисоби
аъзои фаъоли ҳизб, собиқадорон, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” даъват
гардида буданд.
Дар корӣ Конференсияи XXIII
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара 6 –
масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи
Конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара, Каримзода
Пирмуҳаммад Авғон “Дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара
дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022” ҳисоботи муфассал
пешниҳод намуд.
Сипас Муродализода Ҷамшед,
Директори Муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара” ва Шамсиддинов
Хуршед, котиби ҷамоати деҳоти Себистон ба музокира баромада ҳисоботи Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғараро дар давраи ҳисоботи қаноатбахш арзёбӣ
намуданд. Дар идомаи кори Конференсия аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома,
Бобохонзода Мирзо, раиси комиссияи тафтишотӣ “Дар бораи вазъи фаъолияти
Комиссияи тафтишотӣ дар давраи ҳисоботӣ” гузориш дод.
Аз рӯи масъалаҳи дигари рӯзномаи
Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иборат аз 31 –
нафар, Комиссияи тафтишотӣ дар ҳайати 3 – нафар ва 27 – нафар вакилон ба
Конференсияи XIV ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд.
Дар идома, Роҳбари Дастгоҳи
Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон,
муовини Раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, муовинони Раиси ноҳияи
Данғара Сайдализода Садриддин Достӣ ба сухан баромада, фаъолияти ҳизбиёни
ноҳияи Данғараро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Зимни суҳбат, иброз гардид, ки ҲХДТ
ғояи рушди устувори иқтисоди миллӣ, татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръат бо
ҷалби бахши хусусии корхонаҳои истеҳсолии навро пайваста таблиғ менамояд. Дар
ин росто масъалаи илму маориф, рушди муассисаҳои таҳсилоти кишвар, беҳтар
гардонидани солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳандозии тадбирҳо баҳри
баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа низ зери таваҷҷуҳи ҳизбиён қарор доранд.
Дар ҷамъбасти Конференсия ба як қатор фаъолони ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ Сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара супорида шуд.
Баъди анҷоми корӣ Конференсия, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, дар маҷлиси баргузоргардида аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ҳайати 9 –нафар интихоб гардида, Каримзода Пирмуҳаммад Авғон бори дигар аз тарафи аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара интихоб карда шуд.