Баргузории Конференсияи ХVII КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат

2022-07-25

Дар кори Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода ва собиқ раиси шаҳр, узви раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва 241 нафар вакил аз 190 ташкилоти ибтидот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ котибот, комиссияи мандатӣ, ҳайати таҳририя ва рӯзномаи конференсия тасдиқ карда шуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз моҳи ноябри соли 2019 то июли соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ҳисобот дод. Пас аз шунидани ҳисоботи комиссияи тафтишотии комиҷроия чанд нафар вакилони конференсия ба музокира баромада, фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдатро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Аз ҷумла, раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдатро таҳлил карда, ба иқдому ташаббусҳои он, чун ҳизби созандаю бунёдкор ва Раиси муаззами он чун сиёсатмадори асилу фарзанди фарзонаю хирадманди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дод.

Аз рӯи масъалаҳои сеюму чоруми рӯзнома аъзои КИ ҲХДТ ва Комиссияи тафтишотии комиҷроияи ҳизб дар ҳайати 25 ва 5 нафар аз нав интихоб карда шуданд.

Муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода баромад карда, рафти конференсия ва фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдатро дар давраи ҳисоботӣ хубу қаноатбахш арзёбӣ кард.

Сипас маҷлиси Кумитаи иҷроия баргузор гардида, ду масъала – интихоби раёсат ва интихоби раиси нави КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдатро баррасӣ намуд. Дар ҳайати раёсати Комиҷроияи ҳизб тағйирот ворид карда шуд, ба ҷои 5 нафар, 7 нафар ба ҳайати раёсат пешниҳод ва интихоб шуданд. Ислом Ҳайдарзода бо овоздиҳии якдилонаи вакилон аз нав раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат интихоб гардид.

Ҳамзамон, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор зимни суҳбати хеш иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.

Дар ҷамъбасти конференсия ба чанд нафар фаъолон дар вазъияти тананавӣ Сипосномаи ҳизб ва ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои узвиятро супориданд.