КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Бӯстон нақшаи обунаро иҷро намуданд

2022-07-22

Матбуотро чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мегӯянд. Ин минбари ташаккулдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ аст. Васоити ахбори омма яке аз рукнҳои устувори ҷомеаи демократӣ буда, дар меҳвари фаъолияти он инъикоси воқеии ҳаёти соҳаҳои гуногун, бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, роҳандозии ислоҳот дар ҷомеа, ҳифз ва рушди фазо ва амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва анҷом додани баъзе вазифаҳои муҳим дар бахши таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти солим ва саҳеҳ қарор дорад.

Нашрияҳои ҳизбӣ аз омилҳои самарбахши кори тарғиботӣ буда, ҳамзамон чун таъминкунандаи робитаи байни ташкилотҳои ҳизбӣ ва ҷомеа хизмат мекунанд.

Боиси хушнудист, ки нахустин шуда дар ҷумҳурӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рӯзи 7-уми июл ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон 8-уми июли соли 2022 аз иҷрои нақшаи обуна ба ҳафтаномаи “Минбари халқ” мужда расониданд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» минбари озоди баёни андеша, тарғибгари ҳадафҳои ҳизб, мубаллиғи фаъолияти пурсамари сохторҳои ҳизбии минтақаҳо, дастраскунандаи ахбори тозаи ҳизбӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мебошад.

Нашрияи «Минбари халқ» - сертиражтарин ҳафтаномаи Тоҷикистон, ки ҳафтае як маротиба ба табъ мерасад, барои ҳар як муштарӣ ва хонандаи худ метавонад ба сифати махзани маълумоти на танҳо ҳизбӣ, балки сарчашмаи хабарии мукаммал нақш бигирад. Дар саҳифаҳои он, дар баробари хабару маводи ҳизбӣ, набзи Тоҷикистон инъикос мегардад. Имрӯз ин ҳафтанома воқеан ба минбари халқ табдил ёфта, дар набардҳои иттилоотӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ саҳми шоистаю босазо мегузорад.

Аз номи Ситоди марказии “Обуна-2023” ба масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон изҳори сипос намуда, умед мебандем, ки дигар кумитаҳои иҷроия низ ба ин масъала муносибати ҷиддӣ мекунанд.