Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол доир гардид

2022-07-22

Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол Конференсияи ХХIV ҳисоботӣ-интихоботи Кумитаи иҷроиия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳр дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар кори Конференсия Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар назди Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Аҳмадзода Оятулло Изатулло, Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, фаъолони ҳизб ва ҷавонон аз ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Аз рӯи масъалаи якуми Конференсия Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Ниёззода М.Н. оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод. Дар рафти баромад қайд кард, ки Конференсияи ХХIV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол дар арафаи маъракаи муҳимми сиёсӣ - 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олӣ даъват шудааст. Ин моро бори дигар водор месозад, ки фаъолияти таблиғотиву ташвиқотӣ, ташкилӣ ва оммавӣ-сиёсии худро тақвият бахшида, баҳри баргузории ин ҷашни муқаддас чораҳои амалӣ андешем.

Сипас фаъолони ҳизб аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба музокира баромада, ҳисоботи кумиҷроияи шаҳрро қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномараиси Комиссияи тафтишотии кумиҷроияи шаҳрӣ доир ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ маърӯза кард.

Ҳамчунин, аз рӯи масъалаҳоли рӯзномаи Конференсия ҳайати нави кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол, ҳайати нави комиссияи тафтишотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилони Конференсия тасдиқ карда шуданд.

Ҳамзамон, номзадии 10 нафар фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ба вакилии Конференсияи XV ҲХДТ дар вилояти Суғд пешбарӣ карда шуда, интихоб гардиданд. Баъдан дар вазъияти тантанавӣ якчанд фаъолони ҳизб бо медали ҷашнӣ ва Сипоснома тақдиронида шуданд.

Кори Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ ба анҷом пазируфт.