Конференсияи XV ҲХДТ дар Носири Хусрав бо иштироки Муовини Раиси ҲХДТ

2022-07-22

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботии Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав дар толори қасри фарҳанги ноҳия Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон баргузор гардид.

Дар конференсия вакилон аз ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Носири Хусрав тибқи шумораи муайяншуда иштирок намуданд. Дар рӯзномаи Конференсияи ҳизбӣ 5 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия дар давраи аз ноябри соли 2019 то июни соли 2022 шунида шуд.

Ҳамчунин, дар конференсия комиссияи тафтишотӣ аз натиҷаи фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ ахборот дод.

Конференсияи аъзои нави Кумитаи иҷроия, Раёсат, раиси комиссия тафтишотӣ ва аъзояшро интихоб намуда, вакилон ба Конференсияи Х1V Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд.

Маҷлиси якуми ташкилии Кумитаи иҷроияи дар ҳайати нав баргузор гардида, бо пешниҳод ва тарафдории аъзои Кумитаи иҷроия ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Шаҳло Шодиевна интихоб шуд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон зимни суханронии худ таъкид намуд: ҲХДТ пайваста аз тамоми қишрҳои ҷомеа даъват ба амал меорад, ки баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди ҷомеа ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ саъю талош намоянд. Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйироти куллӣ дар рўҳия ва афкори оммаро, бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсияти Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ эътироф кунем.

Дар баробари ҳадафҳои зикргардида, ҳизб ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа, бахусус таъмини фаъолияти озодона ва шароити зиндагии арзандаро барои ҳар як инсон ҳамчун вазифаи афзалиятноки аввалиндараҷа пешбинӣ намудааст.