Конференсияи ХXI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ

2022-07-21

Дирўз Конференсияи ХХI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид. Дар кори Конференсия роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода, Раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон Назаралӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғуломов Меъроҷ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз, Раиси шўрои собиқадорони ҳизб Сафарзода Мирзосафар, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», ВАО ва нашрияҳои ҳизбиву давлатӣ иштирок намуданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайати раёсат, котибот, комиссияи таҳририя, комиссияи ваколатдор, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис кори Конеференсия оғоз шуд.

Рӯзномаи Конференсия аз масъаҳои зерин иборат буд: ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022; ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба фаъолияти молиявии ҳизбӣ дар ноҳия; интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ; интихоби аъзои Комиcсияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ; интихоби вакилон ба Конференсияи XlV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи конференсия ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз ироа гардида, зикр шуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро дар марҳилаи ҳисоботӣ тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, корҳои муайянеро анҷом доданд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар ноҳияи Дӯстӣ ва сохторҳои ҳизб дар ноҳия дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми устувори худро пайдо карда, баҳри мустаҳкам намудани обрӯю эътибори ҲХДТ ҳамарӯза талош меварзанд.

Дар музокира Муратов Рустам, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, Абдуллоев Раҷаббек, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки 20-солагии ИҶТ” ва Сафарзода Мирзосафар, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти «Ҷиликул» баромад намуда, ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия 31 нафар ба узвияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ интихоб шуданд.

Ҳамчунин, тибқи меъёри муақарраргардида 20 нафар аъзои фаъоли ҳизб ҳамчун вакил ба Конференсияи XIV ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешбарӣ гардиданд.

Раиси ноҳияи Дӯстӣ, аъзои Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳия Нишонзода Даврон Назаралӣ дар назди вакилон баромад карда, иброз дошт, ки воқеан давоми солҳои охир фаъолияи ташкилотҳои ҳизбии ҲХДТ хеле назаррас гардида, рӯз то рӯз аъзо ва ҷонибдорони он аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд зиёд мегардад ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси муаззами худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ниҳоди сиёсии бузурге мебошад, ки зиёда аз ним миллион аъзо дорад. Раиси ноҳия фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ва намунаи ибрат арзёбӣ намуд.

Дар идома Ҳамидиён Илҳомҷон ба сухан баромада, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроия ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия дар маъракаҳои муҳимми сиёсии кишвар - интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати фаъолона доштанд.

Зимни баромад номбурда вобаста ба як қатор масъалаҳои зарурие, ки дар фаъолияти ҳизбӣ ба тақвияти ҷиддӣ ниёз доранд, таваҷҷуҳои хос намуда, рафъи камбудиҳоро дар наздиктарин фурсат ба манфиати кор донист.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғуломов Меъроҷ низ баромад намуда, доир ба самтҳои афзалиятдоштаи фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар баробари баррасии масъалаҳои Конференсия, аввалин маҷлиси Кумитаи иҷроия дар ҳайати нав баргузор гардид, ки дар он тибқи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ интихоб шуданд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзнома аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ иборат аз 7 нафар пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилон тасдиқ гардиданд.

Мутобиқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис - интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Ҳамидиён Илҳомҷон суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Қурбонов Абдулҳафиз ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ пешбарӣ гардидааст. Бо овоздиҳии ошкоро ва якдилона номзади пешбаригардида ба сифати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ интихоб шуд.

Дар охир ба фаъолони ҳизбӣ Ифтихорнома ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Дӯстӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.