Конференсияи XV ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод баргузор гардид

2022-07-21

Бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, узви Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ, раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия Шариф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод Конференсияи XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод баргузор карда шуд.

Инчунин, дар Конференсияи мазкур 163 нафар вакилон аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ, собиқадорони ҳизб, аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" фаъолона иштирок намуданд.

Масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022, интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, интихоби ҳайати Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи XIV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар кори Конференсия мавриди муҳокима қарор дода шуданд.  

Дар асоси масъалаи якуми Конференсия «Дар бораи бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022» раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин баромад намуда, иброз намуданд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар давраи ҳисоботӣ фаъолияташро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии заминавии Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон, татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчунин, дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомотҳои болоии ҳизб ва нақшаи корӣ ба роҳ монда, корҳои назаррасеро ба иҷро расонид.

Ҳамчунин, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия Табаров Раҷабалӣ собиқадори ҲХДТ, Мирзошарифзода Сабоҳат,  раиси Ҷамоати шаҳраки Муъминобод, Ҷалилова Сайрамбӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод баромад намуданд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия Олимбекзода Абдулхайр "Дар бораи вазъи фаъолияти Комиссияи тафтишотӣ дар давраи ҳисоботӣ" гузориш дод.

Дар кори Конференсия аз рӯйи масъалаҳои дигар ҳайати нави Кумитаи иҷроия дар ҳайати 21 нафар, Комиссияи тафтишотӣ дар ҳайати 3 нафар ва ҳайати вакилони Конференсияи XIV ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳайати 9 нафар интихоб карда шуданд.

Инчунин, дар рафти Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия Шариф баромад намуда, фаъолияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминободро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Зимни баромади худ муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ёдовар шуданд, ки ҳизб дар таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста, қабл аз ҳама ба неруи созандаи инсонӣ ниёз дорад ва тарбияи шахсияти худшиносу ватандўст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят фарди дорои қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрўзаро тақозо менамояд.

Хабарҳои охирин