Дасти дармондаеро гирифтан амали хайр аст

2022-07-21

Дасти дармондаеро гирифтан, ба ӯ кӯмак кардан аз хислатҳое мебошанд, ки неку писандида ва яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастуру ҳидоятҳояшон, аз ҷумла дар Паёмҳои худ ба масъалаҳои эҳсонкорӣ, хайрхоҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, соҳибкорону ашхоси саховатпешаро ба ободонии мамлакат ва дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ашхоси дармонда ҳидоят менамоянд. Пешвои миллат дар ҳар як вохӯриҳои худ бо халқ борҳо таъкид намудаанд, ки ҳар як амали неку созанда савоби зиёде дораду сари ятимеро сила намудан ва эҳтиёҷи дармондаеро бароварда кардан дари биҳиштро ба рӯи шахси саховатпеша боз месозад.

Соҳибкор Азизов Саймухтор аз ҷумлаи нафарони хайрхоҳу саховатпешаи ноҳияи Восеъ ба ҳисоб рафта, пайваста дасти дармондагону бечорагон, эҳтиёҷмандону ниёзмандон ва ятимонро мегирад. Бо дастгирии соҳибкори номбурда ва ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба як нафар сокини ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакии ноҳия, ки синнашон аз 80 гузаштаасту танҳо зиндагӣ дорад, кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд сохт, ки маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рў ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.

Ҳамзамон, таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муттасил рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.