Конференсияи ХIХ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг
2022-07-20
Дар
қасри фарҳанги ноҳияи Ховалинг Конференсияи ХIХ Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг
Асадуллозода В. Д. кушод. Баъди садо додани Суруди миллӣ ҳайати меҳмонон:
муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти
Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва раиси ноҳияи Ховалинг Маҷидӣ Муҳтадӣ
Хайрулло ба вакилони конференсия муаррифӣ карда шуданд.
Баъди
интихоби раёсати корӣ конференсия ба кори худ идома бахшид.
Баъди
ахбороти комиссияи мандатӣ ва тасдиқи ваколати вакилони конференсия ба баррасии
масъалаҳои рӯзномаи конференсия оғоз бахшида шуд.
Дар
конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
1.
Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг оид ба фаъолияти
ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ (2,5 соли фаъолият);
2.
Ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ
дар ноҳияи Ховалинг;
3.
Интихоби ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг;
4.
Интихоби ҳайати комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг;
5.
Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи 14 –уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
вилояти Хатлон;
6.
Масъалаҳои ҷорӣ.
Аз
рӯи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия “Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи
ҳисоботӣ” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Асадуллозода В. бо
маърӯза баромад намуд. Аз рӯи маърӯза,
раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг” Наргис
Ҳикматова, «Хоҷагии оби ноҳия» Фирдавс Хайруллозода, Ҷамоати шаҳраки
«Ховалинг» Аҳрорзода Гулбарг ба музокира баромаданд.
Дар
конференсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг шунида шуд.
Аз рӯи масъала, раиси комиссияи тафтишотӣ Зоирзода Гулаҳмад маърӯза намуд.
Конференсия аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Вакилони
конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 27 нафар, ҳайати комиссияи
тафтишотиро иборат аз 3 нафар ва вакилонро ба конференсияи 14 – уми Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Халон интихоб намуданд.
Дар
конференсия муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни суханронии худ қайд намуд, ки дар шароити кунунӣ яке аз вазифаҳо
ва ҳадафҳои асосии ҲХДТ ҳамчун нерӯи ояндасоз вусъат бахшидан ба раванди
ислоҳот дар тамоми самтҳои ҳаёти кишвар, таъмини рушди иқтисоди миллӣ, бунёди
корхонаҳои азими саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва муҳимтар аз ҳама баланд
бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Дар конференсия чанд нафар
раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамар ба
Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, ба аъзои нави ҳизб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида
шуд.