Конференсияи ХХХII ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

2022-07-20

Дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино Конференсияи ХХХII ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар кори Конфренсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шариф Ҳамид, Меликзод Парвина Иноятулло, Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҷурахонзода Ҷумахон, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, вакилон аз Кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, вакилони Конференсия, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбиву давлатӣ иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи Конференсияи XXXII ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давоми моҳи январи соли 2020 то моҳи июни соли 2022, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба фаъолияти молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, интихоби аъзои Комиcсияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи XX ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи Конфренсия, ҳисоботи муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумахон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давоми моҳи январи соли 2020 то моҳи июни соли 2022 ироа гардида, зикр шуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро дар марҳилаи ҳисоботӣ тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда, корҳои муайянро анҷом доданд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва сохторҳои ҳизб дар ноҳия дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мақоми устувори худро пайдо карда, баҳри мустаҳкам намудани обрӯю эътибори ҲХДТ ҳамарӯза талош меварзанд.

Дар музокира Самӣ Шариф Ҳамид, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён”, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сарвар” ва Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, вакил аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заргар” баромад намуда, ҳисоботи муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳияро дар давоми моҳи январи соли 2020 то моҳи июни соли 2022 мусбат арзёбӣ намуданд.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи Конфренсия ҳисоботи комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба фаъолияти молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳабибов Саидмуртазо шунида шуд.

Тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи Конфренсия интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баррасӣ карда шуд.

Дар идома Латифзода Асрор Қурбон зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ Кумитаи иҷроия ва аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳия дар маъракаҳои муҳимми сиёсии кишвар аз ҷумла интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, дар ҷараёни баргузории он мавқеи сиёсии худро дар ҷомеа муайян намуданд.

Дар идома мутобиқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Латифзода Асрор Қурбон мавриди интихоби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Қурбонзода Убайдулло ба ҳайси Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ гардид. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзадии пешбаригардида тасдиқ карда шуд.

Дар охир, тибқи масъалаи чоруми рузномаи Конфренсия дар бораи интихоби вакилон ба Конференсияи XX ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд.