Таъсиси ташкилоти нав дар КИ ҲХДТ Фирдавсӣ

2022-07-20

Дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ, дар Муассисаи давлатии “Маркази баҳисобгирӣ ва идораи фонди манзил” ҷиҳати таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлиси муассисон баргузор гардид.

Дар маҷлис роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён оид ба нақши аҳзоби сиёсии кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан, нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии кишвар ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуданд.

Дар идомаи маҷлис қайд гардид, ки рисолати аслии ин ниҳоди сиёсӣ аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, саҳм гузоштан дар рушду пешрафти ватани азизамон тавассути аъзо ва ҷонибдорон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ иборат аст.

Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд.

Дар кори маҷлиси муассисон, роҳбарияти ташкилоти ҳизбии “Фонди манзил” интихоб гардида, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд.

Зимни суханронӣ қайд гардид, ки ҲХДТ дар тӯли мавҷудияти чорякасраи худ ва фаъолияти густурдаю хизмати содиқона ба манфиати мардум рисолаташро бо шоистагӣ иҷро намуда ба як нерӯи тавонони созанда, роҳнамои ҷомеа, сарчашмаи афкору ғояҳои ояндасоз собит намуд.

Ҳизб бори дигар муттаҳидӣ, ҳамҳадафу ҳаммаром будани аъзои онро бо мақсади муташаккилона роҳандозӣ намудани ҳадафу мақсад, вазифа ва ғояву ақидаҳои он дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягона нишон дод.