Конференсияи ХIII ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид

2022-07-20

Бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Юсуфӣ Хайринисо, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода Конференсияи ХIII ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид. 

Сароғоз ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба фаъолияти кумита дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар давраи ҳисоботӣ як зумра корҳои назаррасро сомон дода, дар тарғиби идеологияи миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарғибу ташвиқи самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳивлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, амалӣ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ, аксияҳои таблиғотӣ ва амсоли ин нақши созгор гузоштааст.

Дар музокира фаъолони ҳизбӣ иштирок намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, вакилон барои иштирок дар конференсияи вилоятӣ интихоб гардиданд. Зимнан, ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ироа гардид.

Ҳамаи масъалаҳои тасдиқгардида баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Сипас муовини Раиси ҲХДТ Юсуфӣ Хайринисо зимни суханронии худ афзуд, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар низоми давлатдории миллӣ, рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, дастгирии қишрҳои ниёзманду бепарастор, таҳкими арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, расидан ба зиндагии шоистаи мардуми шарифи мамлакат саҳми муносиб дорад.

Зимнан Мирилиён Қиёмиддин, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархорро бо баррасии ду масъала баргузор намуд. Доир ба масъалаи якум аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор интихоб гардид. Сипас зикр намуд, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Вализода Муҳаммад ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор пешбарӣ гардидааст.

Номзадии мавсуф дар Конференсияи ХIII ҲХДТ дар ноҳияи Фархор барои тасдиқ ба овоз гузошта шуд. Бо овоздиҳии умумӣ ва якдилона номзади пешбаригардида тасдиқ гардид.

Ҳамин тариқ, дар лаҳзаи тантанавӣ Назарзода Алӣ Исмон барои хизматҳои шоиста дар татбиқи ҳадафҳои Оинномавии ҲХДТ, таҳқими худшиносию худогоҳии миллӣ ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд. Дигар фаъолони ҳизбӣ низ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.