Ташкилоти ибтидоии “35-солагии Истиқлол” таъсис ёфт

2022-07-19

Дар ҶДММ “Бозори масолеҳи сохтмон”-и дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии ҳизбии “35-солагии Истиқлол” таъсис дода шуд.

Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ мавсуф оид ба ҳадафҳои асосии созанда ва бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботҳои Оиннома, Барнома, амалишавии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба ҳозирин шарҳ дод.

Дар идома аз ҷониби гурӯҳи ташаббускор ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ҶДММ “Бозори масолеҳи сохтмон”-и дар шаҳри Ҳисор таклиф манзур карда шуд. Бо қарори маҷлиси ҳайати муассисон ташкилоти ибтидоии “35-солагии Истиқлол” таъсис дода шуд.

Ҳамзамон, бо ҷонибдории аъзои ҳизб, Қараев Фатҳиддин Ёрович раис ва Тағоев Султонмурод Норович муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “35-солагии Истиқлол” интихоб гардид.

Доир ба масъалаҳои авзои сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба иштирокчиён дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода шуд.

Дар фаромади маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоӣ Қараев Фатҳиддин Ёрович раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “35-солагии Истиқлол” қайд намуд, ки ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ аз имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода хоҳем кард.