ТИ “Фурудгоҳ” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир намуд

2022-07-19

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” баргузор карда шуд.

Ҳамидзода Нуралӣ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” дар ҳисоботи худ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 қайд намуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар амалисозии ташаббусҳои ҲХДТ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар пайравӣ аз амалҳои хайрхоҳонаи Раиси муаззами ҲХДТ дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб ва шахсони маъюбу камбизоат кӯмакҳои моливу пулӣ расонида мешавад.

Пас аз қаноатбахш ҳисобидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ”, Ҳамидзода Нуралӣ аз сари нав ба ҳайси раиси ташкилот интихоб карда шуд.

Боиси зикри хос аст, ки ҳадафи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.

Имрӯз мо ҳизбиёнро мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандустӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ тарбия намоем.

Вакилон аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фурудгоҳ” ба конференсияи шаҳрӣ пешниҳод карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.