ТИ «Ҳаёти солим»-гарави саломатии ҷомеа

2022-07-19

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳаёти солим»-и Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО» бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, Раиси ташкилот Сафархон Сатторов ва аъзои ташкилоти ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Маҷлиси ҳизбӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, нахуст раиси ташкилот дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи он ироа гардид.

Зикр карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ (аз июни соли 2021 то июни соли 2022) дар ҳамдастӣ бо мақомоти ноҳиявию шаҳрӣ ва марказии ҲХДТ як зумра корҳоро сомон додаанд. Аъзои ташкилоти ибтидоии “Ҳаёти солим” дар тарғиби солимии ҷомеа, татбиқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 саҳми муносиб гузошта, дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуданд.

Сипас аз рӯйи масъалаи дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзои ҳизб раёсати ташкилоти ибтидоии “Ҳаёти солим”, раис ва муовини раиси ташкилот аз нав интихоб гардиданд. Инчунин чор нафар вакилон барои ширкат дар Конференсияи 35-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки 29 июли соли равон доир мегардад, интихоб карда шуданд.

Дар идомаи маҷлис Абдураҳим Шоҳиён оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як аъзои ҳизб суханронӣ намуд. Мавсуф тазаккур дод, ки маҳз Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ҳама вазъият дар назди мардум бошанд ва исбот намоянд, ки ҳамеша дастгиру мададгори халқ мебошанд. Ин аст, ки рӯз аз рӯз аъзою ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ зиёд гашта, туфайли қувваи бузурги ҳизбиёну ҷонибдорон мақом ва манзалати он низ дар ҷомеа боло меравад.

Қайд гардид, ки ҲХДТ таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои наҷиб ва шоиста бобати таъмини зиндагии шоистаи мардум, инкишофи озодона ба ҳар шаҳрванд, рушди ҳамаҷонибаи давлатдории миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватан саҳми муносиб дорад.

Ҳамзамон, А.Шоҳиён фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ҳаёти солим”-ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки нақши ҳизбиёни кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум назаррас аст.

Дар охир ба як қатор ҷавононе, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд, шаҳоданомаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуданд.