Саҳми ҷавонон дар пешрафти кишвар

2022-07-19

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.

Ҳамин аст, ки имрӯз дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва корҳои муҳимми ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбарро доранд ва дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”.

Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 “Соли ҷавонон” эълон гардида буд, ки ин ҳам аз таваҷҷуҳи беандозаи Роҳбари давлат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.

Имрӯзҳо инсоният ба мушкилоти зиёди глобалӣ рӯ ба рӯ шудааст. Аз ҷумла, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки ба ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳо ҷиддан таҳдид менамояд, вусъат ёфтаанд. Ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми кӯшиши тадбирҳои худро барои ҳаллу фасли муаммоҳои мавсуф равона кардааст. Ҷавонон, ки аз табақаҳои асосӣ ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, нақши онҳо дар таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат, ҳимояву пешбарии манфиатҳои миллӣ ва рушду тараққиёти тамаддуни муосир муҳим ва бузург арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумлаи кишварҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, тибқи маълумоти оморӣ зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то 35 – сола ташкил медиҳанд ва маҳз ба ҳамин хотир, Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромадҳои хеш таъкид менамоянд: “Ҷавонон-қувваи бузург ва ояндаи миллатанд.”

Вобаста ба вусъатёбии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ба амнияти давлатҳо, ки дар боло зикр шуданд, бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолу озодӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ афтод. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, кишвари моро беқонуниву бенизомӣ фаро гирифта, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардиданд, даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд. Ҳамчунин, даҳҳо ҳазор кӯдак ятим монда, ҳазорҳо хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Зарари умумии ҷанги шаҳрвандӣ маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар чунин шароити душвори пурҳасос барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон, ки қадамҳои аввалинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо таҳдиди нестшавии давлат ва миллат гирифтор шуд, ниёз ба шахсияти наҷотбахш ба миён омад ва ин шахс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Агар азму иродаи қавӣ ва ҷуръати бузурги сиёсии Сарвари кишвари мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлоли давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Аз ин лиҳоз, ҷавонони кишвар бояд ҳамеша аз таҳдиду хатарҳои чаҳони муосир хабардор бошанд, ҳушёру фаъол ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳамчунин, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллиро ҳифз намоянд, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат фаъолони ширкат варзанд.

Шарифхон Қурбонов,

мудири шуъбаи кор бо ҷавонони

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ