Соҳибкории хурду миёна ва нақши он дар рушди иқтисодиёт
2022-07-18
Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста
дар паёмҳои худ ба масъалаи фаъолияти соҳибкорӣ, ки масъалаи марказӣ ба ҳисоб меравад
ба мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳо баҳри беҳбудӣ медиҳанд.
Дар шароити рўй
овардан ба иқтисоди бозорӣ ва тағйиротҳои охирин дар иқтисодиёти мамлакат аҳамияти
махсус ба инкишофи соҳибкории хурду миёна дода мешавад. Буҳрони шадиди молиявӣ,
ки аз омилҳои беруна вобастагии зич дорад ба муфлисшавии бисёр соҳибкорон ва алалхусус
корхонаҳо оварда расонд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки нақши муҳимро барои инкишоф
ёфтани иқтисодиёти мамлакат метавонад соҳибкории хурду миёна бозад.
Аз мафҳуми худи соҳибкории
хурду миёна бармеояд, ки ба соҳибкории хурду миёна соҳибкорони инфиродӣ ва гурӯҳҳои
хурд дар шакли ташкилотҳо дохил мешаванд. Критерияи асосӣ, ки дар заминаи он соҳибкор
ҳамчун соҳибкории хурду миёна дониста мешавад, даромади солонаи он мебошад.
Соҳибкории хурд имкони
самаранок дастгирӣ намудани иқтисодиёти мамлакатро доранд. Корҳонаҳои хурду миёна
нақши калидиро дар соҳаҳои зерини иқтисодиёт иҷро менамоянд. Аз ҷумла, дар соҳаи
хизматрасонӣ, ба мисли таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳо, хизматрасониҳои машваратӣ,
маишӣ, миёнаравӣ ва ғайраҳо.
Яке аз самтҳои асосии ислоҳоти
иқтисодӣ, ки метавонад давлатро аз буҳрони молиявӣ барорад, ин инкишофи соҳибкории
хурду миёна мебошад. Ин сектори иқтисодиёт муҳити зарурии рақобатнокро ташкил намуда
ба тағйир ёфтани ҳама гуна зуҳуротҳо тобовар мебошад. Ҳамзамон, соҳибкорони хурд
дар ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас мегузоранд. Фаъолияти соҳибкорони
хурд на танҳо ба буҷаи давлат балки ба буҷаи маҳаллӣ маблағҳои воқеӣ ворид менамояд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад,
ки соҳибкории хурду миёна элементи муҳимми иқтисоди
бозорӣ ба ҳисоб рафта, аз бисёр лиҳоз сурати рушди иқтисодиёти мамлакатро нишон
медиҳад.
Соҳибкории хурд гарчанде
падидаи иқтисодӣ бошад ҳам, аммо барои рушди он заминаҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ лозим
аст. Айни замон давлату Ҳукумат як қатор санадҳои меъёри ҳуқуқиро қабул намудааст,
ки барои рушди соҳибкории хурду миёна равона гардидааст. Якчанд барномаҳои давлатӣ
бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд. Ҳамаи ин баёнгари он мебошад,
ки барои инкишофи соҳибкории хурд ҳама чораҳои зарурии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд.
Дар ҷодаи илмӣ низ ин мавзўъ мавриди таваҷҷӯҳи олимону муҳаққиқон қарор гирифтааст.
Ҳамаи ин гуфта водор
месозад, ки масъалаҳои соҳибории хурду миёнаро аз диди ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ бори дигар мавриди омӯзиш қарор дод, зеро дар шароити имрӯза соҳибкории хурд агарчӣ аз назария
иқтисодчиён баррасӣ ва таҳлил гардида бошад, паҳлўҳои ҳуқуқии он то ҳанӯз ба таври пурра ва ҳамаҷониба баррасӣ нагардидааст.
Ҳамзамон, қонунгузории имрўза, ки зуд зуд бо назардошти талаботҳои ҷомеаи муосир тағйирёбанда мебошад, водор менамояд, масъалаҳои вобаста ба соҳибкории хурду миёнаро бо шароити имрӯза баррасӣ намуд.
Дилноза Шоева,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
КИ ҲХДТ дар ш.Кӯлоб