Эълони озмуни ҳизбии номинатсияи "Оилаи кишоварзи сол"

2022-07-18

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин росто, ҳавасманд гардонидани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон озмунҳои ҳизбӣ аз рӯйи номинатсияҳои “Хоҷагии беҳтарин”, “Оилаи кишоварзи сол” ва “Хазинадори беҳтарин” роҳандозӣ гардидаанд. Барои дарёфти ғолибони даври ноҳиявӣ масъулини ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриҳо баргузор намуда, ин навбат дар маҳаллаи Қосими ҷамоати деҳоти Калинин бо оилаҳо вохӯрӣ баргузор карда, мақсаду моҳияти озмунҳоро ба сокинон фаҳмониданд.

Озмуни мазкур барои самаранок истифода намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ, дастгирии бештару сифатноки соҳаҳои кишоварзӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори вилоят таҳия гардидааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки мамлакат буда, бо рушду тараққиёти он, мо метавонем, рушди иқтисодиёти кишварро таъмин намуда, ба ин васила дар пешрафту зиндагии шоистаи ҳар хонадон саҳмгузор бошем.

Бо вуҷуди кам будани заминҳои ҳамвору обӣ, имрӯз кишоварзони мамлакат маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро бе мамоният ба хориҷи кишвар содирот намуда, аз ин сабаб зиндагии худро пеш бурда истодаанд. Мутобиқи маълумотҳои оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ – ғаладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда дар солҳои охир мутаносибан хело боло рафтааст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводи хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.