Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ТИ “Амвол”
2022-07-18
Ҷаласаи мазкур бо
иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек,
раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амвол” Қодирзода Саъдӣ
Сангинмурод ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Нахуст Қодирзода С. С
меҳмононро муаррифӣ намуда, рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд. Тибқи масъалаи
якуми рӯзномаи маҷлис Юсуфзод Шуҳрат муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амвол”
оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни
соли 2022 ҳисобот дода, зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти худро
дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Қарор ва супоришҳои Кумитаи Иҷроияи
Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаи кории
тасдиқгардидаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Паёми солонаи
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст ва ягонагии манфиатҳои Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон, интизоми бошуурона, эҳтироми ақида, озодбаёнӣ, баробарии ҳуқуқ ва
вазифаҳои ҳар як узви онро асоси фаъолияташ мешуморад.
Сипас бо овоздиҳии кулли
аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амвол” Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дигарбора
интихоб гардиданд. Ҳамзамон, бо ҷонибдории аъзо,
ташкилот вакили худро барои иштирок дар Конфренсияи ҳисоботӣ-интихоботии
ташкилоҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод намуданд.
Дар идома Муродов Ҷурабек
муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба сухан баромада бо қаноатмандӣ
аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амвол” иброз намуд, ки рисолати ҳизби сиёсӣ
дар ҷаҳони имрӯза, барои кишварҳое, ки низоми давлатдории демократиро интихоб
намудаанд, бениҳоят бузургу масъулиятнок аст.
ҲХДТ тавонист дар
таъмини зиндагии шоистаи мардум, некӯаҳволии халқ, рушди тамоми соҳаҳои
ҷумҳурӣ, аз ҷумла, фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ ва
ғайра саҳми босазои худро гузошта, инчунин, он барои таҳкими устувории сулҳу
субот, амнияту оромӣ ва осоиштагии халқу кишвари Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Дар ин замина мавсуф
барои тақвият додани корҳои дохилиҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ибрози
андеша намуд.