ТИ “Фарҳанг” фаъолияташро натиҷагирӣ намуд
2022-07-18
Дар ташкилоти ибтидоии
“Фарҳанг” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода
Зулфиқор ва муовини Варзири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат маҷлиси
ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.
Сараввал ҳисоботи ташкилоти
ибтидоӣ шунида шуд. Тазаккур дода шуд, ки ташкилот дар таҳкими давлатдории миллӣ, татбиқи сиёсати фарҳангии
кишвар, тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва мероси гаронбаҳои ниёгон саҳми
муносиб дорад. Дар музокира фаъолон баромад намуда, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ
намуданд.
Сипас аз рӯйи масъалаи
дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзои ҳизб раёсати ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг”, раис,
муовини раис, котиб ва масъулини комиссияҳои кор бо занону ҷавонон ва намояндагони
ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз нав интихоб гардиданд.
Сипас Гулаҳмадзода Зулфиқор
роҷеъ ба фаъолияти доманадору муваффақонаи ҲХДТ дар низоми идоракунии давлат, тарғиби
идеологияи миллӣ, тадбиқи Барномаҳои ҲХДТ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдатгароӣ,
хештаншиносӣ, пешгирии гароиш ба равияҳои номатлуби иҷтимоӣ ва масоили дохилиҳизбӣ сухан кард.
Боиси
зикри хос аст, ки фарҳанг муаррифгари беҳтарин дастовардҳои
илмию маданӣ, иҷтимоию иқтисодии кишвари маҳбуби мо буда, воқеан дар замони соҳибистиқлолӣ
рушду нумуъ ёфт. Ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок
кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи
андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва уро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ
месозад.
Ҳамзамон
қайд гардид, ки фарҳанг дар ҳама замонҳо рисолати
созандагии миллатҳову халқиятҳо ва рушду нумӯи онҳоро иҷро кардааст. Таҷрибаҳои
таърихӣ собит менамоянд, ки он давлатҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар арсаи ҳама
гуна талошҳо комёб мебошад. Боиси ифтихор аст, ки фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз
ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳимму афзалиятнок
эълон гардида, он ҳамчун воситаи тавонои ташаккули идеологияи миллӣ, рушди маънавӣ,
муаррифгар ва муайянкунандаи мақому манзалати мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ба
шумор меравад.