ТИ “Пойтахт” ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст

2022-07-15

Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар асоси қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардид. Дар кори маҷлис Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ба муҳокимаи маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ масъалаҳои ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”, интихоби аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”, интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия пешниҳод гардиданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар давоми 30 соли Истиқлол, бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем.Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба кишвари мо шукуфоӣ, пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирӯзии комил овард.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки дар риояи талаботи қонунҳои миллӣ дар бораи танзими анъана ва расму ойинҳои миллӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд насли ҷавон низ пешсафу ташаббускор бошанд, чунки қисми зиёди муқаррароти қонунҳои зикршуда ба зиндагии ҷавонон дахл доранд. Ҳар кадоми мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

Садорат ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаҳои ҷориро ҳаллу фасл намуда, ба Каримзода Насимҷон барои аз сари нав интихоб гардидан ба ҳайси Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт” ва амалӣ намудани сиёсати комёбу комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору комёбӣ таманно намуданд.