ТИ “Кишоварз” баҳри амалишавии нақшаҳо талош дорад
2022-07-15
Дар
ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” бо иштироки Нилуфар Каримзода – муовини раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Нахуст,
аз ҷониби муовини раис ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид.
Қайд шуд, ки ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” фаъолияти назаррас нишон дода, то имрӯз
17 дарсҳои сиёсӣ оид ба амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои-миллат ва ҳадафҳои
созандаи ҲХДТ доир намудааст, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ, рушди мафкурраи
миллӣ, боло бурдани андеша ва идеологияи ягона мусоидат намудаанд.
Вобаста
ба муҳокимаи масъалаи дуюми рӯзнома Қурбонзода У.М.- муовини раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суханронӣ намуд.
Бо
ҷонибдории аъзои ҳизб Каримзода С. Ғ. ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Лутфуллои
Д. ба ҳайси муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Кишоварз” интихоб гардиданд.
Оид
ба масъалаи сеюми рӯзнома – интихоби вакилон ба Конференсияи ХХХХII ҳисоботӣ – интихоботии
ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо пешниҳоди аъзои ҳизб номзади
Каримзода С.Ғ пешбарӣ гардид.
Дар
охир Қурбонзода У.М.-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
доир ба заҳмату талошҳои хастагинопазири Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, ояндаи шукуфони мамлакат, ҷалби бештари
ҷавонон ба корҳои созандагиву ободонивӣ суханронӣ намуданданд.
Мавсуф
зикр дошт, ки заҳмату талошҳои Роҳбари давлат дар роҳи Истиқлолу озодӣ дар суханронии
зер хело пурмуътаво ва таъсирбахш баён гардидаанд: “Агар мо раванди зуҳур ва
таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем
дид, ки роҳ ба сӯи истиқлол душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз
муборизаву иштибоҳот ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале дар
ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт,
ки асолату ҳуввияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз
сеҳазорсолаи давладорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ
ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд”.