Бузургсозиҳои Пешво

2022-07-15

Пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистонро буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фаро гирифта буд. Албатта, ба ин ҳодисаи нангини аср як қатор омилҳои халалдоркунандаи беруна ва дохила сабаб гардида буданд. Яке аз омилҳои аввалини буҳрони сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ин дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор доштани Тоҷикистон буд. Инчунин зиддиятҳои мухолифини давлат, вазъи муташанниҷи Афғонистон боиси боз ҳам пастравии сатҳи иқтисодиёти кишвар гардида буданд. Азбаски Токикистон кишвари кӯҳсор буда, роҳи баромад ба баҳрро надошт, ин омил низ вазъи кишварро боз ҳам вазнину муташанниҷ мекард.

Иқтисоди Тоҷикистон асосан аграрию саноатӣ буд. Молҳои содиротӣ ба амсоли алюминий ва пахта қариб, ки бе коркард ба хориҷи кишвар содир карда мешуданд. Набудани системаи муосири логистиву коммуникатсионӣ дар ин кишвари кӯҳсор алоқаҳои нақлиётии дохиликишвариро дар чаҳор фасли сол мунтазам таъмин карда наметавонистанд. Ҳарчанд дар замони шӯравӣ дар бахши сохтмони нақбу роҳҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда бошанд ҳам, аммо онҳо барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ нокифоя буданд.

Яке аз ин мисолҳо сохтмони нақби “Уштур” ҳоло “Истиқлол” аз сабаби баромадани об нотамом монда буд ва Маскав идомаи сохтмони онро ғайриимкон дониста буд. Байни Шимолу Ҷануби Тоҷикистон ва Бадахшону водии Ҳисор дар фасли зимистон алоқаҳои коммуникатсионӣ қариб ки бо пуррагӣ канда мешуданд. Фарсуда будани системаи коммуникатсионии замони шӯравӣ, ки ба талаботи ҳамлу нақли молу коло ҷавобӯ набуданд, ин вазъиятро боз ҳам вазнин мекарданд.

Дар чунин вазъи ҳассоси таърихӣ абармарде ба майдони сиёсат баромад, ки бо бузургсозиҳои худ тавонист кишварро аз ин буҳрони амиқ наҷот диҳад. Ва бо барномаи мушаххас роҳи ояндаи онро барои садсолаҳо боэътимодона ва дақиқкорона муайян созад. Муваффақияти сиёсати Сарвари давлатро мардуми кишвараш ва таҳлилгарони сиёсии хориҷӣ ва дохилӣ аз рӯйи натиҷаву дастовардҳояш баҳогузорӣ намуда истодаанд.

Аз ин сабаб, мо муҳаққиқон тасмим гирифтем, ки дар бораи сиёсати бобарори Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истода гузарем. Ин сиёсати Пешворо бузургсозиҳои таърихие номидан мумкин аст, ки мислашро ягон давлати тоза истиқлоли рӯ ба тараққии Осиёву Африқо дар ёд надорад.

То замони ин бузургсозиҳои Пешвои миллат мардуми заҳматкаши кишварамон зиндагии ҳаррӯзаро фикр мекарданд ва дар бораи фалсафаи бузургсозӣ хаёле ҳам надоштанд. Чунки ҳамаи бузургсозиҳои замони шӯравӣ НОБ-и Норак, ТАЛКО ва ғайраҳо бо супориши Маскав ба манфиати ҳадафҳои умумииттифоқӣ амалӣ карда мешуданд. Аз ин сабаб дар мафкураи миллат ба ҷойи бузургсозиву сохтмони давлати миллӣ, мафкураи интернатсионалии бегонапарастӣ ҳукмфармо буд.

Маҳз фалсафаи бузургсозии Пешвои муаззами миллат буд, ки тоҷиконро ба худшиносиву азми созандагӣ ва ғурури милливу ватандорӣ водор сохт. Ҳамаи бузургсозиҳои Пешвои миллатро дар замони истиқлол агар рӯйи коғаз оварем, бо эътимод гуфта метавонем, ки онҳо саҳифаи бузурги таърихи кишварро ташкил хоҳанд кард.

Мисоли равшани бузургсозиҳои Сарвари давлат ин сохтмони босуъати НОБ-и Роғун, сохтмони роҳу пулҳо, нақбу гузаргоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосири коммуникатсионӣ, обод намудани садҳо ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ, сохтмони садҳо корхонаҳои саноатии ба содирот нигаронида, сохтмони мактабу муассисаҳои фарҳангӣ, рушди соҳаҳои металлургия ва коркарди маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон мисол шуда метавонад.

Аммо баъзан душманони миллат аз хориҷи кишвар истода, ин бузургсозиҳои Пешвои миллатро нодида мегиранду ба сӯйи ишон бо ҳар воситае санг мезананд, ки мо онро ба ҷуз аз туҳмати ноҳақ дигар чизе гуфта наметавонем.

Дар охир ҳаминро мегӯем, ки маҳз бузургсозиҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистон имрӯзҳо дар арсаи байналхалқӣ обрӯю нуфузе пайдо кард ва ба як кишвари воҳиду рӯ ба тараққӣ табдил ёфт.

Арабеков У. Пӯлодов И., Мамадҷонова Ф.,

устодони ФДТТИ