Иштироки Хайринисо Юсуфӣ дар конференсияи 20-уми ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон
2022-07-15
Рӯзи 14 июли соли 2022 дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи
Ёвон Конференсияи 20- уми ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон баргузор гардид. Дар кори
Конференсия муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва узви Кумитаи Иҷроияи
Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро иштирок доштанд. Дар
Конференсия 366 нафар вакилон аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ, собиқадорони ҳизбӣ,
аъзоёни фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" иштироки фаъолона намуданд.
Дар кори Конференсия 6 масъала баррасӣ шуд: 1. Дар бораи ҳисоботи Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи
ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022; 2. Ҳисоботи Комиссияи
тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи ноябри соли 2019 то
моҳи июни соли 2022; 3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Ёвон; 4. Интихоби ҳайати Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон; 5. Пешбарии
номзадҳо ба вакилии Конференсияи XIV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон;
6. Масъалаҳои ҷорӣ Аз руйи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия Раиси Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Раҳматуллоев М. "Дар бораи фаъолияти Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар давраи аз моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни
соли 2022" ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Мирзоев Анвар- муовини раиси
ташкилоти ибтидоии "Пайравони Сино", Ашурзода Нигина- раиси ташкилоти
ибтидоии шаҳраки Ёвон ва Иззатов Субҳиддин - раиси ташкилоти ибтидоии
"Ғаюр-1" ба музокира барома, гузоришро мусбат арзёбӣ карданд.
Асадулло Бекназаров аз рўйи масъалаи дуюми рӯзнома гузориш дод. Аз руйи
масъалаҳои дигари рӯзномаи Конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроия дар ҳайати 45
нафар, Комиссияи тафтишотӣ дар ҳайати 3 нафар ва ҳайати вакилони Конференсияи
14- уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳайати 21 нафар интихоб гардиданд. Вакилони
Конференсия дар рафти қабули қарорҳои Конференсия фаъолияти назаррас доштанд.
Дар рафти конференсия Хайринисо Юсуфӣ- муовини раиси ҲХДТ, Миралиён Қ. А.-
раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро- узви КИМ ҲХДТ, раиси
ноҳияи Ёвон суханронӣ намуда, фаъолияти ҳизбиёни ноҳияи Ёвонро қаноатбахш
арзёбӣ намуданд. Дар охир ба як қатор фаъолони ҳизбӣ Сипосномаҳои КИМ ҲХДТ ва
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон супорида шуд.