ТИ "Истиқлолият" нақшаҳои созандаро амалӣ менамояд
2022-07-15
Бо
иштироки муовини раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ва раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда
Раҷабова маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии "Истиқлолият"
баргузор гардид.
Нахуст,
ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлолият" Ғуломнабӣ Собиров дар давраи
ҳисоботӣ ироа гардид. Зикр шуд, ки ташкилот дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас
нишон дода, дар марҳилаи нави худшиносиву хештаншиносӣ бо дарки масъалаҳои
инсонмеҳвари истиқлолу озодӣ барои инкишофи муътадили шуури иҷтимоӣ фаъолияти
таблиғотии созандаро амалӣ намуд.
Вобаста
ба муҳокимаи масъалаи дуюм оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии
“Истиқлолият” бо пешниҳоди аъзои ҳизб Асламшоева Нилуфар ба ҳайси раиси ташкилоти
ибтидоӣ "Истиқлолият" ва Собиров Ғуломнабӣ ба вазифаи муовини
ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.
Оид
ба масъалаи сеюми рӯзнома – интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии
КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ҳизб номзадии Собиров Гуломнабӣ
ва Шодмонбекова Саида пешниҳод шуданд.
Сипас,
раиси ташкилоти ибтидоии “Истиқлолият”, муовини Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева
суханронӣ намуда, афзуд, ки Раиси муаззмами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати
худ ба ҳамаи соҳаҳо аҳаммияти махсус дода, тадбирҳои судмандро мунтазам амалӣ менамояд.
Ин нукта аҳли зиёро водор месозад, ки дар тарбияи худогоҳии миллӣ ва меҳанпарастии
ҷавонон саҳми бештар гузоранд. Инчунин, оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу
ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
перомуни ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлол, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ,
ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонони ҳушманд ва дорои
тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти дарки равандҳои мураккаби ҷаҳонидошта ибрози
андеша сурат гирифт.
Раиси
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда дар бораи таҳкими давлатдории миллӣ,
Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани худогоҳӣ, тарбияи ватанпарастии
ҷавонон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба Ватан, миллат, Президент, хизмати
содиқонаву дастгирии самимонаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ суханронӣ намуд.