Роғун дурахши нури Раҳмонӣ

2022-07-15

Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ, исботи тоҷдорӣ расидааст. Миллати ҳимматбаландро фурсати исботи ҳиммати баланд омадааст. Нахустин бор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба халқ бобати кӯмаку дастгирӣ баҳри сохтмони иншооти бузурги аср муроҷиат намуданд, ки ин муроҷиати у ба кулли мардуми ин сарзамин қобили қабул гашта, ҳамагон онро хуб пазируфта, дастгирӣ намуда истодаанду ва ҷонибдоранд.

Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби хираду идрок ва меҳнатдусту пурғайрат аст. Он ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург хамеша кушиш бар он медиҳад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад. Душвориҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар менамояд.

Тоҷикони баору номус имрӯзҳо пайи ободии ватани азизанд. Имрӯзҳо бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод санг болои санге гузошта, Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли тоҷик дурахшон бошад. То модари тоҷик бо сарбаландӣ аз пайи рафъи мушкилиҳои рӯзгори худ ба осонӣ баромада тавонад. То, ки Тоҷикистони азизи мо дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду сарфароз ва номдор бошад. 

Барои миллати тоҷик соли 2018 соли фаромӯшношуданӣ ва хотирмон буд. Зеро дар ин сол ба бахти мардуми мо 16- ноябр яъне дар рӯзи Президент агрегати якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун» ба кор даромад ва ин рӯйдоди фараҳбахш дар хотири мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи таърихӣ нақш баст.

Сохтмони НБО-и «Роғун» гарчанде дар охири солҳои асри ХХ қарни гузашта оғоз гардида бошад ҳам, вале таввасути дастгириҳои пайваста ва талошу истодагарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Роҳбари муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоқикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми он кори худро дар соли 2018 оғоз намуд. Бунёди Неругоҳи барқии обии «Роғун» аҳамияти стратегӣ дошта, барои пешрафти зиндагии мардуми тоҷик дар ҳоли ҳозир ва дар оянда айни муддао буда, метавонад чандин даҳсолаҳо барои миллати мо хизмат намояд. Он барои пешрафт ва тараққиёти иқтисодии кишвар ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи диёрамон шароити мусоид фароҳам меорад.

Ин неругоҳ яке аз пуриқтидортарин неругоҳҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он буда, аз 6 агрегат иборат мебошад ва тавоноии ҳар яке аз агрегатҳои он 600 мегаватро ташкил медиҳад. Бо баробари ба кор оғоз намудани чархи аввали ин неругоҳи нурафкан дар хонадони мо гармӣ ва рӯшноӣ фаровон гардид.

Хулоса, иншооти арқию обии “Роғун” ҳамчун неругоҳи барқӣ – обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш дарак дод. Ин кохи нур, баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар мекашад.

Қурбонов А., раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ