Идомаи маҷлисҳои ҳисоботӣ -интихоботӣ дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Хоруғ

2022-07-14

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Эҷод" бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибҷон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Нахуст, ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Эҷод” аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид. Зикр карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии номбурда, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, то имрӯз дарсҳои сиёсӣ оид ба амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои пешвои-миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ доир намудаааст. Ҳамзамон, ҷиҳати саҳмгузории ташкилот дар корҳои ободониву созандагӣ ва иштироки фаъолонаи аъзои он дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ибрози андеша намуданд.

Вобаста ба муҳокимаи масъалаи дуюми рӯзнома Орумбекова Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Эҷод” суханронӣ намуда, бо пешниҳоди аъзои ҳизб, бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси соҳавӣ бо ҷонибдории кулли аъзои ҳизб, Муродасейнова Маърифат ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ бо пешниҳод ва ҷонибдории кулли аъзои ҳизб номзадии Маърифат Муродасейнова пешниҳод шуд.

Зимни суҳбат зикр гардид, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон баҳри пешрафту шукуфоии тамоми самтҳои ҳаёт дар сиёсати дохилӣ ва дар сиёсати хориҷӣ шароитҳои заруриро муҳайё намудааст ва аз ин ҳама шукргузор ҳастем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохти бешумор оқибат ҷомаи амал пўшиданд ва мо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем.

Дар охир ба якчанд ҷавони ватандӯсту хештаншинос, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, барои шомил шудан ба сафи ҳизби бунёдкору созанда ариза пешниҳод намуданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.