Омодагиҳо барои соли хониши нав ҷараён дорад

2022-07-14

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, баҳри омода намудани муассисаҳои таълимии ноҳия барои соли нави таҳсил, корҳои тамирӣ ва рангу бор вусъати тоза гирифта истодаанд.

Дар ин росто муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия ба соли нави хониши 2022-2023 омодагии хуб дида, аксарияти синфхонаҳоро аз таъмири ҷорӣ баровардаанд. Ҳоло бошад корҳои рангуборкунии даҳлезу роҳравҳо ҷараён дорад.

Мавриди зикр аст, ки ин амали нек бо ташаббуси фаъолон, падару модарон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ сурат гирифта, чунин корҳои таъмирӣ ва амалҳои хайрхоҳона дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия бо маром идома дошта, дар ҳолати анҷомёбӣ қарор доранд, ки ин ҳама заҳматҳои волидону омӯзгорон баҳри хуб таҳсил намудани наврасону ҷавонони ояндасози кишвар мебошанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона кардааст. Илова гашт, ки имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дорад ва мо бояд ин дастовардро ҳифз намуда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем.

Мавриди зикри хос аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маориф дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд.

Дар тамоми ҷабҳаҳо, аз бунёду азнавсозии мактабҳо то компютеркунонию бо тахтаҳои электронӣ таъмин намудани таълимгоҳҳо, омӯзиши сифати нави забонҳои хориҷӣ (русию англисӣ), таъсиси озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ, ба роҳ мондани таълиму тарбия дар асоси талаботи замони муосир дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти олии касбии кишвар ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомузӣ фаро гирифтани омӯзгорону устодон, вусъати тоза пайдо кардани ҳаракати олимпӣ ва амсоли инҳо пешравиҳои назаррас ва тасаввурнопазир сурат гирифтаанд, ки ин пешравии босурати маорифи Тоҷикистонро аён ва маънидод менамояд.