Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии "Шоҳамбарӣ"

2022-07-14

Бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва Раҷабов Умарҷон, директори ҶСК"Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ" маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии "Шоҳамбарӣ" баргузор гардид.

Нахуст ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд. Дар ҳисобот қайд гардид, ки давраи ҳисоботӣ барои аъзои ташкилоти ибтидоии "Шоҳмасбарӣ" марҳилаи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба шумор рафта, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба маротиб беҳтару хубтар гардид.

Сипас бо ҷонибдории аъзои ҳизб Раҷабов Умарҷон, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Сафарова Ҳусния, муовини раиси ташкилоти ибтидоии "Шоҳамбарӣ" интихоб шуданд.

Бо овоздиҳии аъзои ҳизб Раҷабов Умарҷон, раиси ташкилоти ибтидоии "Шоҳамбарӣ" ва Носиров Исфандиёр вакил аз ташкилоти ибтидоии "Шоҳамбарӣ" ҷиҳати иштирок дар Конференсияи ХХ ҳисоботӣ –интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор интихоб шуданд.

Дар маҷлис Изатуллои Ҳабибзод зимни суханронӣ оид ба беҳтар намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, татбиқи амалии ҳадафҳои оинномавию Барномавии ҲХДТ, тарбияи фарзондони хушахлоқу ватандӯст, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ифтихор аз давлатдории навини худ, торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон ва дигар масъалаҳоро таъкид намуд.

Дар идомаи суханронӣ мавсуф қайд намуд, ки дар шароити пуртазоди иқтисодию молиявӣ бо кӯшишҳо хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонии НБО "Роғун" бо маром идома доранд.

ҲХДТ сарпарасти маънавии НБО "Роғун" буда, ҳавасмадии зиёди худро ба он равона менамояд, ки иншооти азими аср, ки ояндаи дурахшони кишвари азизамонро мунаввар менамояд, дар муҳлати муқарраргардида, бунёд гардад.

Дар анҷоми маҷлис Раҷабов Умарҷон, раиси ташкилоти ибтидоии "Шоҳамбарӣ" қайд намуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии "Шоҳамбарӣ" пайваста дар амалишавии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ саҳмгузор буда, ҷиҳати иҷрои рисолати ба зиммагузошташуда, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода менамоянд.