Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии “Амонат”

2022-07-14

Ҷаласа бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ баргузор гардид.

Кори ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Сипас, раиси БДА ҶТ «Амонатбонк», раиси ташкилоти ибтидоии «Амонат» Икромӣ С.С меҳмононро муаррифӣ намуда, рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд. Тибқи масъалаи якум Икромӣ С.С. оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дода, зикр намуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”- и БДА ҶТ “Амонатбонк” фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор ва супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаи кории тасдиқгардидаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондааст ва ягонагии манфиатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, интизоми бошуурона, эҳтироми ақида, озодбаёнӣ, баробарии ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳар як узви онро асоси фаъолияташ мешуморад.

Сипас, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо қаноатмандӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ, созанда, бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеа дар тӯли фаъолияти худ баҳри рушди давлат, мустаҳкамнамоии пояҳои сиёсии он, пешрафти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум корҳои бузургу назаррасеро анҷом додааст.

Гуфта шуд, ҷавононро мебояд, ки шукронаи сулҳу субот ва истиқлоли комили давлат намуда, бо пайравӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна, бунёдкорона ва хирадмардонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу субботи беназири кишвар талош дошта бошанд.

Сипас, бо овоздиҳии аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ С.С. ва муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Исмоилова Шаҳноза дубора ба ин мақом интихоб гардиданд.

Дар охири ҷаласа ба нафароне, ки мавқеи сиёсии худро муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардиданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Ҳамзамон, барои саҳми арзанда дар амалӣ намудани ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҲХДТ ба як қатор аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тақдим гардид.