Фаъолияти ТИ “Парҳез” натиҷагирӣ гардид
2022-07-13
Муассисаи
давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” бо иштироки мудири
шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Насимҷон Ҳомидзода
ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён
маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир намуд.
Маҷлиси
ҳизбӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуда, нахуст раиси ташкилот дар бораи фаъолияти
ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи он ироа гардиданд.
Зикр
шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ (аз июни соли 2021 то июни
соли 2022) дар ҳамкорӣ бо мақомоти ноҳиявию шаҳрӣ ва марказии ҲХДТ як зумра корҳоро
сомон додаанд. Аъзои ташкилоти ибтидоии “Парҳез” дар тарғиби солимии ҷомеа, татбиқи
Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 саҳми муносиб гузошта, дар чорабиниҳои сиёсиву
фарҳангӣ фаъолона иштирок мекунанд.
Сипас,
аз рӯйи масъалаи дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзои ҳизб раёсати ташкилоти ибтидоии
“Парҳез”, раис, муовини раис ва котиб аз нав интихоб гардиданд. Инчунин, чор нафар
вакилон барои ширкат дар Конференсияи 35-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки 29 июли соли равон доир мегардад,
интихоб шуданд.
Мудири
шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Насимҷон Ҳомидзода
бобати таҳкими давлатдории миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, баланд
бардоштани худогоҳӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат
ба Ватан, хизмати содиқонаву дастгирии самимонаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи
Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани иродаи сиёсии
мардум сухан гуфт. Қайд гардид, ки бо ташаббусҳои наҷиб ва шоиста бобати таъмини
зиндагии шоистаи мардум, инкишофи озодона ба ҳар шаҳрванд, рушди ҳамаҷонибаи давлатдории
миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ҳифзи
арзишҳои миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватан саҳми муносиб мегузорад.
Дар
идомаи маҷлис Абдураҳим Шоҳиён оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии
ҳар як аъзои ҳизб суханронӣ намуд. Мавсуф тазаккур дод, ки маҳз Раиси муаззами ҳизб
тавонистанд дар ҳама вазъият дар назди мардум бошанд ва исбот намоянд, ки ҳамеша
дастгиру мададгори халқ ҳастанд. Ин аст, ки рӯз аз рӯз аъзою ҷонибдорони ин ҳизби
мардумӣ зиёд гашта, туфайли қувваи бузурги ҳизбиёну ҷонибдорон мақом ва манзалати
он низ дар ҷомеа боло меравад.
Комёбии
ҲХДТ ҳамчун ҳизби сарвар ва раҳнамо маҳз дар ҳамин сарвату дороии ҳизб, ганҷинаи
тиллоии он – нерӯи бузурги зеҳниву ақлонии аъзояш мебошад. Дар сафи ҳизб намояндагони
қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиён, олимону адибон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, муҳандисон,
коргарон, кишоварзон, соҳибкорон, собиқадорону шахсони обурӯманди кишвар ҷамъ омадаанд.
Дар
анҷом ба як қатор аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии «Парҳез», ки дар амалигардонии
Барномаҳои ҲХДТ саҳм гузоштанд, сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ тақдим гардиданд. Ба ҷавононе, ки ба узвияти ҲХДТ
пайвастанд, шаҳоданомаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.