Заминҳо самаранок истифода мешаванд
2022-07-13
Дар
асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон аз 18 – уми июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара кормандони Кумитаи
иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати
аҳолӣ оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин дар маҳаллаву деҳоти
ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо сокинон вохӯрӣ гузаронида, дастуру супоришҳои
Пешвои миллатро таблиғ менамоянд.
Зимни
вохӯриҳо, ки дар якчанд маҳаллаи ҷамоати деҳоти Золи Зар бо иштироки намояндаи
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Шодиева
Нозанин баргузор гардид, муайян шуд, ки қисми зиёди сокинон заминҳои
наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, барои фасли зимистон омодагии
ҷиддӣ дида истодаанд.
Бояд зикр намуд, ки истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад. Сокинони ҷамоати болозикр аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ҳар як ваҷаб заминро тибқи талабот пурсамар истифода менамоянд ва аз ҳосили ба даст оварда рӯзгори худро пеш мебаранд. Барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини беҳдошти аҳли оила сарҷамъона меҳнат намуда, ҳар як порча замини наздиҳавлигиро маҳсулотӣ полезӣ мекоранд.
Таҷрибаи сокинони маҳал боиси дастгирӣ буда, дигаронро низ мебояд ба истифодаи самараноки замин эътибор дода, натанҳо дар таъминоти аҳли оилаи худ бо сабзавоти ниёзи аввал, балки амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.