Кишоварзон дастури Пешвои миллатро амалӣ мекунанд

2022-07-13

Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ҷамоатҳои деҳоти Сӯҷина ва Косатарош боздид намуд.

Зимни сӯҳбату мулоқот бо кишоварзон ва фаъолон, дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони мамлакат дар вилояти Хатлонро оид ба зарурати истифодаи босамари ҳар қитъа замин, зиёд намудани кишти такрорӣ, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти хурока, захира намудани меъёри дусолаи ғизо ба ҳар хонавода дар шароити муташанниҷи сиёсии ҷаҳонро бори дигар таъкид намуданд.

Боиси таҳсин аст, ки дар аксари оилаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти мазкур ба моҳияти ин дастуру супоришҳо сарфаҳм рафта, истифодаи босамари заминҳои саҳмия ва наздиҳавлигиро хуб ба роҳ мондаанд.

Масалан сокини деҳаи Сӯҷина Эгамбердӣ Раҷабов дар 12 ҳисса замин гармхона, қитъаҳои кишти карам, помидор, бодиринг, токи ангур ташкил намуда, дар гушаи дигари он гулзор чашмрабоӣ мекунад. Мавсуф зикр дошт, ки ҳама фасли сол аз бодирингу помидор, лиму, кабудиҳо таъмин буда, гулхонаи паси ҳавлӣ бошад бо дастури раиси вилоят бунёд шудааст.

Аъзои гурӯҳи корӣ ҳамин гуна муносибати дилсӯзонаро ба замин дар хоҷагии деҳқонии “Обод”, ки ба он Абдухалил Қурбонов сарварӣ мекунад, ба мушоҳида гирифтанд. Ҳосили майдони 4,5 гектар алафзор ва лаблабую ҷуворимаккаи донӣ барои парвариши чорвои зотии гӯштии хоҷагии деҳқонӣ масраф мешавад.

Тавре сарвари хоҷагии деҳқонӣ иброз дошт, истифодаи босамари замин имконият фароҳам овардааст, ки онҳо рӯзгори обод ва серу пур дошта бошанд ва дар фароҷонии бозор низ саҳм гузоранд.

Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош низ дар истифодаи замин таҷрибаи хуб ҳосил кардаанд. 

Сокини маҳаллаи Навбунёд Субҳон Ҷӯраев, аз ҳосили ҷамъкардааш 200 банка шарбати мева, дар 500 банка сабзавотро омода карда, дар анбор гузоштаанд. Ҳамчунин ӯ ва аҳли оилааш дар 10 ҳисса картошка ва 15 ҳисса замин шолӣ ҳам парвариш мекунанд ва боварӣ доранд, ки оилааш аз маводи ғизоӣ танқисӣ намекашад. Сокини дигари деҳа Абдумаҷид Суюнов бошад дар масоҳати 4,5 х 3,5 метр гармхона сохтааст ва умедвор аст, ки аз он ҳосили фаровони лиму ва помидору бодиринг мегирад ва ба бозор ҳам мебарорад.

Дар сӯҳбате, ки аъзои гурӯҳи корӣ бо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷибурҳон”-и маҳаллаи Навбунёди деҳаи Чорбоғ доштанд, раиси хоҷагӣ Ҳоҷисобир Бурҳонов гуфт, ки кишоварзон дар 89 гектар, аз ҷумла 5,6 гектар боғ, ҳосили хуби мева, пиёз, қаламфури булғорӣ, картошка, ҷуворимаккаи донӣ ва дигар хуроки чорво парвариш намудаанд. Ҳангоми боздид раиси Кумитаи иҷроия М. Шукурзода ба ҳамсӯҳбатон дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзодаро ҷиҳати истифодаи босамари замин ва рӯёнидани ҳосили фаровон шарҳ дода, таъкид дошт, ки иҷрои онҳо имконият фароҳам меорад, ки на танҳо ҳар оила бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин гардад, балки дар бозор низ фаровонию арзонӣ бошад.

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроия чунин боздиду мулоқотҳоро дар дигар минтақаҳо низ баргузор карда, таҷрибаи кишоварзони муваффақи ин ҷамоатҳои деҳот низ тарғиб карда мешавад.